Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар толори китобхонаи донишгоҳ Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДДБ ба номи Носири Хусрав таъин намудани Нурализода Наргисро қироат намуд.
Дар Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
“Мутобиқи моддаи 26-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
Нурализода Наргис ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин карда шавад”.
Шарҳи ҳол:
Нурализода Наргис, 14 марти соли 1984 дар шаҳри Бохтар ба дунё омадааст. Таҳсилро дар литсейи №1-и шаҳри Бохтар (1990–2000) гирифтааст. Хатмкардаи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2005).
Нурализода Наргис, дар вазифаҳои нозири шуъбаи кадрҳои донишгоҳ, омӯзгори кафедраҳои менеҷмент ва маркетинг, назарияи иқтисод ва молия мудири кафедра, раиси бонувони донишгоҳ фаъолият намудааст.
Дар мавзуи «Таъғирёбии низоми тайёрии кадрҳои баландихтисос дар саноат дар шароити гузариш ба иқтисодиёти индустриалию инноватсионӣ» (2019) рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

