Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии раёсат, зери роҳбарии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баргузор гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти илмӣ ва таълимии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯйи масъалаи аввал ҳолати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, сиёсат ва идораи давлатӣ шунида шуд. Таъкид гардид, ки барои тақвияти фаъолияти илмӣ, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотӣ ва омодасозии мақолаҳо барои нашр дар маҷаллаҳои тақризшаванда тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар масъалаи дуюм татбиқи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар донишгоҳ дар партави суханронииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ” мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳамзамон, рафти омодагӣ ба корҳои марбут ба таҷлили ҷашнҳои дарпешистода ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, роҳбарияти донишгоҳ аз ҳайати омӯзгорону кормандон даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва тақвияти корҳои тарбиявӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

