– зери ин унвон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим, намояндагони ташкилоту идораҳо, адибон, китобдорон ва гурӯҳи васеи олимону муҳаққиқон, адибон, китобдорон ва донишҷӯёну омӯзгорон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Идораи рӯзномаи «Хатлон» баргузор шуда, ба ифтихори эълони соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳанги китобхонӣ» роҳандозӣ гардид.



