Дар шароити муосир масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории ҷомеа яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ дар ҳамаи давру замон арзиши бузург доштааст. Дар ин раванд нақши оила ҳамчун ниҳоди муқаддаси иҷтимоӣ бисёр муҳим мебошад. Оила нахустин муҳити тарбиявиест, ки инсон дар он ташаккул ёфта, арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва миллиро меомӯзад.
Маҳз дар муҳити оила шахсият ташаккул ёфта, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ниҳоди фарзандон ҷой мегирад. Аз ин рӯ, таҳқиқи нақши оила дар таҳкими ваҳдати миллӣ аҳаммияти муҳими илмӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Оила яке аз институтҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз давраҳои қадим то имрӯз оила вазифаи тарбия, нигоҳдорӣ ва интиқоли арзишҳои маънавиро ба зимма дорад. Ҷомеашиносон ва равоншиносон оиларо ҳамчун муҳити асосии иҷтимоишавии инсон арзёбӣ менамоянд.
Дар муҳити оила кӯдак аввалин мафҳумҳои ахлоқ, фарҳанг, инсондӯстӣ ва масъулиятро меомӯзад. Агар муҳити оила солим ва бар пояи эҳтирому муҳаббат бунёд гардад, фарзандон низ бо рӯҳияи солим ба камол мерасанд.
Оилаи солим метавонад барои ташаккули ҷомеаи мутамаддин ва устувор заминаи мусоид фароҳам оварад. Аз ҳамин сабаб, давлат ва ҷомеа ба масъалаи ҳифзи арзишҳои оилавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳими оила тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар муҳити оила фарзандон бо таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ошно мегарданд.
Падару модар бо рафтор, гуфтор ва муносибати худ метавонанд ҳисси дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро дар қалби фарзандон ҷой диҳанд. Ҳар қадаре ки муҳити оилавӣ дорои маърифати баланд бошад, ҳамон қадар насли наврас дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор мегардад.
Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун, ҳифзи худшиносии миллӣ аҳаммияти бештар пайдо намудааст. Дар ин ҷода оила бояд фарзандонро аз таъсири фарҳангҳои бегона ҳифз намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намояд.
Ваҳдати миллӣ аз муҳити оила оғоз меёбад. Агар дар оила фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ҳукмфармо бошад, чунин муносибат ба ҷомеа низ таъсири мусбат мерасонад.
Оила метавонад дар пешгирии низоъҳо, зӯроварӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар омилҳои манфӣ саҳми муҳим гузорад. Тарбияи фарзандон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба таҳкими сулҳу субот мусоидат мекунад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи дорои оилаҳои солим устувору пешрафта мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ масъалаи таҳкими оила ва баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ гардид.
Бо вуҷуди аҳаммияти бузурги оила, имрӯз баъзе мушкилот ба мушоҳида мерасанд, аз ҷумла:
-косташавии масъулияти тарбиявии баъзе оилаҳо;
-муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба тарбияи фарзандон;
-зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳо;
-таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги бегона.
Ин омилҳо метавонанд ба устувории ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии оилаҳо муҳим мебошад.
Хулоса, оила ҳамчун ниҳоди муқаддаси иҷтимоӣ дар таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Маҳз дар муҳити оила инсон ҳамчун шахсияти комил ташаккул ёфта, арзишҳои ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар ӯ парвариш меёбанд.
Таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзандон метавонад барои пойдории сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Аз ин рӯ, ҳар як оила бояд дар тарбияи насли солим, ватандӯст ва худшинос саҳми фаъол гузорад, зеро оилаи солим асоси ҷомеаи солим ва давлати пешрафта мебошад.
Рамазон Гулзода,
мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
