Дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами фанҳои табиатшиносӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ (химия, биология ва экология)» баргузор гардид. Ҳамоиш ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)» ва 80-солагии корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Холназаров Санг доир шуд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардида, мавсуф зимни баромади худ аз нақши илму маориф дар рушди ҷомеа, арҷгузорӣ ба олимон ва бузургдошти устодони соҳибмактаб ёдовар шуд.
Дар идомаи ҳамоиш олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи мамлакат доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи табиатшиносӣ, роҳҳои такмили таълими фанҳои дақиқ ва истифодаи технологияҳои муосир маърӯза намуданд.
Аз ҷумла, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Сипас, доктори илмҳои химия, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бандаев Сироҷиддин Гадоевич дар мавзуи “Вазъи таҳияи китобҳои дарсии насли нав аз фанни химия барои синфҳои VIII–XI” маърӯза кард.
Ҳамчунин, Беликова Радмила Михайловна, номзади илмҳои биология ва дотсенти филиали Биysk ба номи В.М. Шукшин, дар бораи татбиқи STEM-подход ҳангоми омӯзиши биология ва ташаккули салоҳиятҳои муҳандисии хонандагон суханронӣ намуд.
Намояндаи South Kazakhstan University named after M. Auezov Akhanov Bakhtiyar Fayzullayevich вобаста ба истифодаи қонуни ҳифзи иттилоот дар раванди таълим андешаронӣ кард.
Дар қисмати дигари конференсия доктори илмҳои педагогӣ Хайрзода Ашурали Гургак таҳти унвони «Фидоии илму маорифи миллӣ» ва профессор Холназаров Санг доир ба масъалаҳои мубрами методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ маърӯза пешниҳод намуданд.
Иштирокчиён баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди тафаккури илмӣ ва густариши тадқиқоти муосир дар самти фанҳои табиатшиносӣ муҳим арзёбӣ карданд.
КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ДАР ДДБ БАРГУЗОР ГАРДИД

