Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ –тарбиявӣ дар мавзуи «Ҷавонон ва 35-соли дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ» доир гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ Н. Нурализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ иброз доштанд, ки масъалаи дастгирӣ ва таъминоти иҷтимоии ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҷавонон ва масъалаҳои перонуми онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Зимни баромади худ И. Шарифзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон аз дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ маърӯза намуд. Иброз дошт, ки аввалин ташаббусҳо дар самти амалигардонии механизмҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 амали карда шуд.
Бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба талаботи санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ мутобиқат намудани қонуни мазкур аз 15 июли соли 2004 №52 ва аз 23 декабри соли 2021 бо тағйири ном ва баъзе иловаҳои дигар «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз сари нав қабул гардид.
Дар баромади худ С. Раҷабализода, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дар мавзуи “Механизмҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ як қатор омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.

