Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ бо иштироки Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим ва аъзоёни ҷаласа баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа гузориши Расулзода Давлатмо, мудири кафедраи назарияи иқтисод оид ба ҳолати иҷрои корҳои курсӣ ва таҳияи рисолаҳои бакалаврӣ ва магистрӣ дар кафедраҳои донишгоҳ ва Давлатова Дилором, мудири кафедраи экологияи умумӣ оид ба ҳолати феълии баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар идомаи ҷаласа Ҳамдамзода Хурсанд Акбар оид ба ҳолати феълии фаъолияти Шурои илмӣ-методии донишгоҳ ва факултетҳо андешаронӣ намуд.
Дар охир, масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишударо баррасӣ ва натиҷагирӣ намуда, роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки оид ба ин тадбирҳои иловагӣ ва ҳадафмандро роҳандозӣ намоянд.



