Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар мавзуи «Дарси шуҷоат аз ҳаёти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид. .
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ дар байни ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар ба иштирокчиёни фаъоли озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ғолибону фаъолони озмунҳои «Донандаи беҳтарини Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Донандаи беҳтарини Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

