Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 80 сол сипарӣ мешавад, ки ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд. Боиси хурсандист, ки дар қатори тамоми мардуми сулҳхоҳи олам сокинони Тоҷикистон низ солгарди ин санаи таърихиро ботантана ҷашн мегиранду аз қурбониён нек ёдовар мешаванд.
Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро дар он солҳо фашизм ба озодиву истиқлолияти тамоми давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатару таҳдиди ҷиддӣ ба миён гузошта буд. Солҳо мегузаранд, сохти ҷамъиятӣ тағйир меёбанд, бархе аз давлатҳои том барҳам мехӯранду ба ҷои онҳо давлатҳои дигари мустақил дар харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ мекунанд. Аммо аҳаммияти оламшумули Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ҳаргиз кам намегардад, балки дар радифи ҳодисаҳои имрӯза муҳим будани Ғалаба аз ҳар вақти дигар дида, бештар бузургтару шукӯҳмандтар мегардад.
Маҳз тавассути муборизаи муштараки халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд. Боиси таассуф аст, ки ғалаба бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони миллати тоҷик ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омад. Ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, таърихи башар ёд надорад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми кишварҳои гуногуни дунё ҳар сол рӯзи нуҳуми майро ҳамчун санаи бузургдошти корномаи мардони далеру шуҷоъ, корномаи падарону бобоён таҷлил мекунанд.
Он Рӯзи ғалаба на танҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои насли наврас ва ҷавони имрӯза низ бояд гиромӣ бошад, зеро он нишонаи баланди ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.
Боиси сарбаландӣ ва ифтихори миллати тоҷик аст, ки паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.
Мардуми Тоҷикистон номи шаҳидон, мардони шуҷои Ватан ва қаҳрамонию далерии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд.
Хабари ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ барқвор ба саросари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз он ҷумла ба Тоҷикистон паҳн шуда буд.
Бо шунидани ин хабари шуми фалокатбор дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот гирдиҳамоиҳо барпо мешуданд. Дар гирдиҳамоиҳо тамоми халқ қаҳру ғазаби бепоёни худро изҳор намуда, ба фашистон лаънат мехонданд. Ҳама ба як овоз даъват мекарданд, ки сафарбаркунии тамоми қувваҳо ба таври таъҷилӣ ташкил карда шавад то ин ки душман тезтар торумор гардад.
Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, дар аризаҳои худ изҳори ихтиёрона ба фронт рафтанро мекарданд.
Дар он рӯзҳо нависандаи маҳбуб ва фарзанди фарзонаи миллат Фотеҳ Ниёзӣ дар аризааш навишта аст: «Маълум мекунам, ки хоҳиши ихтиёрӣ ба сафи Артиши Сурх рафтан дорам ва то қатраи охирини хунам бар зидди фашистони ғоратгар меҷангам. Ман тайёрам, ки ҳамагуна супоришҳои Ватанро ба ҷо биёрам. Хоҳиш мекунам, ки пурсиши ман рад карда нашавад ва ман ихтиёран ба сафи ихтиёриён ба қайд гирифта шавам».
Бояд қайд кард, ки ин хоҳиши нависандаи ҷанговару ватандӯст аз ҳиссиёти баланди садоқатмандӣ ва вафодорию тайёр будан ба ҷонфидоӣ барои халқу Ватан аз сидқи дил гуфта шуда буд. Ва он сарнавишти зиндагиномаи нависандаи маҳбубро далоил шуд. Ӯ дар тамоми рафти ҷанг бо яроқу қалам душманони фашистиро мекӯфт. Худ ҷанговари шуҷоъ буд ва корнамоиҳои ҷангии фарзандони далеру қаҳрамони Ватанро аз майдони муҳориба бо фашистон дарҷи рӯзномаҳои ҷангӣ мекард. Ҷанговаронро рӯҳбаланди муборизаи зидди душман месохт. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷанггиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шуриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар он давра на танҳо мардон, балки садҳо нафар занону духтарон ҳам дар бораи ба фронт фиристонданашон изҳори хоҳиш мекарданд. Масалан аз 700 адад аризаи дар рӯзи якуми ҷанг дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябри (ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда, 200 адади он аз номи занону духтарон буданд.
Корномаи ватандӯсти дигари тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш вакили Шурои Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардонида шудааст.
Мисолҳои дар боло оварда шуда далел бар онанд, ки миллионҳо одамони замони шуравӣ Иттиҳоди Шуравиро ватани азизи худ хонда, бо камоли садоқату боварӣ ба ҳимояи хоки он ба по хеста буданд.
Аз пойтахти Тоҷикистон то маҳаллаҳои дурдасти кӯҳсори ҷумҳурӣ ҳамаро рӯҳияи интиқомгирӣ фаро гирифта буд. Шабу рӯз дар ҷамоатҳо, деҳаҳои калон, марказҳои ноҳияҳо, дар комиссариатҳои ҳарбӣ маъракаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда буданд. Қариб ҳар ҳафта дастаҳои даъватшудагони ихтиёрӣ ба пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) фиристода мешуданд. Аз он ҷо бошад, онҳо ба фронт мерафтанд.
Боиси тазаккур аст, ки тарғиботу ташвиқот байни мардум дар рӯҳияи садоқату ватандӯстӣ ва муборизаи беамон бо душманони Ватан он замон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд ва он дар ташкилу сафарбаркунии қувваю воситаҳои зарурӣ ба фронт аҳммияти калон дошт. Дар афкору ақидаи мардум ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ва амиқи маънавию ягонагӣ чунон пурзӯр буд, ки ҳар гӯшаву канори Иттиҳоди Шуравӣ барои ҳама Ватан дониста мешуд. Намунаи онро дар мактуби тоҷикистониҳо ба сокинони шаҳри Москва, дар лаҳзаҳое, ки соли 1941 фашистон дар масофаи хеле наздик ба пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ қарор доштанд, баръало дидан мумкин аст. Дар мактуби санаи 19 октябри соли 1941 аз шаҳри Сталинобод ба сокинони Москва фиристода шуда, ки фикру зикри тамоми меҳнаткашони Тоҷикистонро ифода менамуд, чунин омадааст: «Москвагиҳои азиз! Дар ин рӯзҳои пуртаҳлукаи муборизаи даст ба гиребоншавӣ бо роҳзанони фашистӣ, мо бо шумо ҳастем. Мо тамоми корро мекунем, ки замини Москваро ба қабристони фашистони ваҳшӣ табдил диҳем. Душман бояд ҳатман торумор шавад!».
Тоҷикистониҳо то охири ҷанг, то ба рӯзи Ғалаба аз болои фашизм ба қавлашон содиқ монданд. Дар баробари сафарбарии захираҳои инсонӣ ҳамчун омили асосӣ, инчунин ба ёрии фронт тамоми захираҳои иқтисодӣ ва моддию техникӣ низ сафарбар карда мешуданд. Барои Тоҷикистони саноаташ суст инкишофёфта, бешубҳа ин кори осон набуд. Лозим буд, ки заминҳои кишти пахтаю ғалла ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ барои эҳтиёҷоти фронт васеъ карда шавад. Бо вуҷуди норасоию эҳтиёҷмандӣ, тибқи маълумотҳои дар бойгониҳо маҳфуз буда, ҳанӯз дар ҳафтаҳои аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ёрдами фронт 8874 автомашина, 115 адад тракторҳо, ки ба хоҷагии халқ басо зарур буданд, 19326 асп, 1791 адад ароба ва дигар намудҳои техникаи мавҷудбуда аз Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар баробари ин, бисёр қӯшунҳо, қисмҳои ҳарбӣ, гурӯҳҳои махсуси ҷангӣ дар марказҳои ҳарбии Тоҷикистон ташкил шудаву таълим гирифта, баъдан ба фронт, ба майдонҳои ҳарбу зарби ҷанг фиристода мешуданд. Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ – сиёсӣ ва талаботҳои ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз, 88-ум ва 99-уми бригадаҳои тирандоз ташил ёфта буданд. Баталёни муҳандисии дар аэродроми Ленинобод (ҳозира ш.Хуҷанд) ташкилёфта низ, дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Германияи фашистӣ шаҳри Берлин рафта расида буданд.
Ба фронт сафарбар кардани даҳҳо ҳазор одамон ва ба кам шудани қувваи корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашони Тоҷикистон кӯмаку ёриро ба фронт ҳамоно ҳамаҷониба пурзӯр менамуданд. Ташаббускорони пешсафи ёрирасон ба фронт ҷавонон буданд. Ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва захираи тавоно нишон медоданд, ки онҳо барои давом додани кори падарону модарон, бародарону хоҳарони худ содиқанд. Ба шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатораҳо пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озуқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Артиши Шуравӣ фиристонда мешуданд.
Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносон барҳақ вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум донистаанд. Дар он беш аз 70 давлати хурду бузург иштирок карда, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд. Ва талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медод.
Мо имрӯз ҳақ дорем бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон низ беш аз 260 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд. Барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ,15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.
Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ низ дар сафи дигарон ба ҷабҳаи ҷанг рафта, дар мубориза бар зидди фашизми истилогар саҳми босазо гузоштаанд. Бар замми миқдори зиёди ордену медалҳо ду нафар оташнишонон: Ҳоваҷӣ Магомед Мирзоев ва Михаил Иванович Новосёлтсев ба гирифтани унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардонида шуданд. Замоне, ки мардҳо бар зидди фашистон меҷангиданд, занҳо дар Хадамоти оташнишонӣ сафи онҳоро пур намуда буданд. Ба ғайр аз ин, онҳо дар сохтмони канали Ҳисору нерӯгоҳи барқи обии Варзоб ва чандин сохтмонҳои дигар саҳми худро гузошта, борҳо бо Парчами Сурхи сайёри Комитети иҷроия ва Кумитаи Ҳизби шаҳри Душанбе қадр карда шудаанд.
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт сохта ба истифода дода шуд. Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъхои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд.
Ҳукумати мамлакат, махсусан, Пешвои муаззами миллат дар навбати худ, пайваста доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо чораҷӯӣ менамояд. Вобаста ба ин Пешвои миллат хуб дарк кардаанд, ки пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Мо бояд бо дарки масъулияти баланд эҳсос намоем, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони ноороми имрӯза, ки ҷуғрофияи таҳдиду хатарҳои муосир рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ, равобити неку созандаи халқу миллатҳои олам ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдидҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, миллатгароиву нажодпарастӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ кори ниҳоят муҳим мебошад.
Тавре ҳамагон тавассути воситаҳои ахбори умум огоҳем, инсоният имрӯз бо вабои дигари асри нав – экстремизму терроризм рӯ ба рӯ омадааст ва мубориза ба муқобили чунин хатарҳои муосир муносибати бисёр ҷиддиву масъулона, талоши дастҷамъона ва тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад.
Тоҷикистон дар солҳои 90 – уми асри гузашта бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбон шудани даҳҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ гардида, хисороти моддии он маблағи зиёдро ташкил кард. Бинобар ин, халқи тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи сартосарӣ бештар мерасад, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳои зиндагӣ азиз мешуморад ва барои ҳифзу пойдорӣ ва оромии Ватан саъю талош мекунад. Сабақҳои сахту сангини мубориза бо фашизм ва пирӯзӣ бар он тамоми мардуми сайёраро ҳушдор медиҳад, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот дар сайёра ва шарти муҳимтарини таъмин кардани рӯзгори орому осуда барои аҳли башар мебошад. Ҳеч гоҳ бояд фаромуш насозем, ки мо мардуми кишвар метавонам танҳо бо саъю талоши муштарак бар зидди нерӯҳои харобиовару бадхоҳ истодагарӣ намуда, ба рӯзҳои нек бирасем.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар заминаи роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падарон, барои боз ҳам устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар кӯшиш намоем.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав