Мардуми Тоҷикистон тули 80 – сол аст, ба хотира корнамоиҳои аҷдодони худ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан ҷон нисор кардаанд, арҷ мегузорад. Дар Тоҷикистон хотираи қаҳарамонони Иттиҳоди Шуравиро то имрӯз бо эҳтиром ёд мекунанд ва арҷгузори менамоянд.
Дар охири солҳои сиюм Тоҷикистон бо кӯшишу ғайрати меҳнаткашони ҷумҳурӣ ба комёбиҳои калони иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ ноил гардида ба майдони бузурги сохтмонӣ мубаддал шуда буд. Барои таъмин намудани системаи маориф бо кадрҳои педагогӣ дар Душанбе аввалин донишкадаи олии омӯзгорӣ кушода шуд. Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Умуман, Тоҷикистон дар даҳсолаи солҳои сиюм бо ёрии ҷумҳуриҳои бародари собиқ давлати Шуравӣ бо суръати баланд тараққӣ мекард. Аммо пеши роҳи ин тараққиётро Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941 гирифт. Хатари бузурге ба ҳаёти халқи Шуравӣ таҳдид мекард. Аз рӯзҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои низомии ҷумҳурӣ ариза ва дархостномаҳо мерасиданд, ки дар онҳо майлу хоҳиши ҷавонони далер барои бо душман ҷангидан изҳор карда мешуд. Барои мисол, танҳо дар моҳи аввали ҷанг қариб 6 ҳазор аризаи ихтиёриён ба комиссаритаҳо дохил шуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон то оғози ҷанг дифизияи 20-уми савори кӯҳӣ вуҷуд дошт. Бо сар шудани ҷанг ин дивизия ҳайати шахсиашро пурра намуд.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг дар фабрика ва заводҳои ҷумҳурӣ ҳаракат барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат суръат гирифт. Коргарон ва коргарзанон ҷои рафиқони ба фронт рафтаи худро пур мекарданд. Комитети давлатии Мудофиа, ки ба корҳои низомӣ ва хоҷагӣ роҳбарӣ мекард, одамонро баҳри сафарбар кардани тамоми қувваашон дар роҳи мубориза бо фашизм, бозсозии хоҷагӣ бо усули низомӣ, ташкили ҳамаҷонибаи кумак ба фронт, зиёд кардани истеҳсолоти низомӣ даъват менамуд. Бинобар ин гузориши таъҷилии корхонаҳои саноатӣ ба эҳтиёҷоти фронтӣ сар шуд.
Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сару либоси низомӣ хӯроквории консервашуда, нони хушконидашуда ба роҳ монда шуд. Гузориши босуръат ба исеҳсоли маҳсулоти нав боз душвориҳои калонеро ба вуҷуд овард. Дар корхонаҳо норасоии кадрҳои баландихтисос ба зудӣ ҳис гардид, чунки бисёр кормандони баландихтисос ба фронт сафарбар шуда буданд.
Нақшаи занону ҷавонон дар истеҳсолот хеле боло рафт. Ҳатто нафақахӯрон ба истеҳсолот баргашта буданд. Барои бартараф намудани мушкилиҳо 6 августи соли 1941 нақшаи ҳарбӣ-хоҷагии умумииттифоқӣ тасдиқ карда шуд. Мувофиқи ин нақша қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ мебоист аз хати назди фронтӣ ба шарқ кӯчонда мешуданд. Аз он ҷумла, ба Регар таҷҳизоти заводи Полтава кӯчонида шуд. Ба ноҳияи Исфара, Конибодом, Чкаловск таҷҳизоти сехҳои консерва ва шишабарории Феодосия кӯчонида шуд. Комбинати абрешим ва фабрикаи абрешимбофии Ленинобод аз комбинати бофандагии Москва таҷҳизот қабул намуд. Заводи собунпазии Душанбе аз заводҳои собуни Москва ва Харков таҷҳизот гирифт.
Ҳамин тавр дар муҳорибаҳои соли 1941 аз Тоҷикистон ба фронти назди Москва дивизияи савораи кӯҳии байрақи сурхдори 20-ум фиристода шуд. Ин дивизия дар набардҳои назди Москва корнамоӣ нишон дода, 150 нафар сарбоз ва афсарони дивизия ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Дар задухӯрди назди Сталинград садҳо намояндагони Тоҷикистон корнамоӣ нишон доданд. Барои ҳифзи «Хонаи Павлов» фарзанди халқи тоҷик Аҳмад Турдиев дар қатори бародарони руссу украин, белорусу қазоқ, узбеку туркман диловарӣ ва шуҷоат нишон доданд.
Дар назди Сталинград роҳи ҷангии дивизияи 61-и савора, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, оғоз ёфт. Дар ин самт намояндагони Тоҷикистон – Холматов, Рӯзиев Р., Абринов П., Двадненко, Аноров Р., Сулаймонов А., Алматов Т. ва Шукин П. корнамоиҳо нишон дода бо ордену медалҳо Мушарраф гардидаанд. Саворагони дивизияи номбурда ба роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта буданд, ки «Мо ба ғалаба боварӣ дорем, мо ба нерӯи Артиши Сурх ва дурустии кори худ этиқоди қавӣ дорем. Мо нерӯи худ ва ҳаёти худро дар мубориза барои Ватан дареғ намедорем».
Моҳи Марти соли 1943 ба фронт «Мактуб ба сарбозони тоҷик аз номи халқи тоҷик» фиристода шуд. Дар номаи мазкур аз онҳо дархост намудаанд, ки тамоми қувваю матонати худро истифода бурда, фашистони истилогарро торумор намоянд. Ин нома сарбозони тоҷикро рӯҳбаланд намуда, сӯи корнмаоиҳои ҷангӣ ҳидоят менамуд.
5 июни соли 1943 яке аз муҳорибаҳои калонтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ – муҳорибаи Курск сар шуд. Дар ин муҳориба низ сарбозони тоҷик иштирок доштанд. Ба отряде, ки Ҳодӣ Кенҷаев фармондеҳӣ мекард, қариб 20 танки фашистӣ ҳуҷум овард, ӯ тавонист, ки чанд танки душманро аз кор барорад. Барои ин қаҳрамонӣ ба Ҳодӣ Кенҷаев унвони аҳрамони Иттифоқи Шуравӣ дода шуд. Ҳангоми гузаштан аз Днепр фиристодагони Тоҷикистон Д. Азизов, У. Яқубов, Б. Давлатов, А.С. Гардиев, Х. Қосимов, М.И. Новоселсев ва С. Турдиев диловарии бемисл нишон дода унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ гирифтанд.
Моҳи октябри соли 1943 дар фронти Волхово корнамоии Александр Матросовро фиристодаи Тоҷикистон Туйчӣ Эрҷигитов такрор намуда, Каҳрамони Иттифоқи Шуравӣ шуда буд. Ҳангоми озодкунии Балтика Сафар Амиршоев қаҳрамонии бемисл нишон дода, сазовори номи Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ гардид.
Афсари тоҷик лейтенанти хурд Эргаш Шарифов дар озодкунии Чехословакия иштирок кардааст. Ҳарчанд ӯ захмдор шуда буд ҳам, аз майдони ҷанг набаромад, бинобар ин ба ӯ низ баъди маргаш унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ дода шуд. Дар ҳайати ҳамин дивизия сокини Қурғонтеппа (ҳоло ш. Бохтар) Шаумян Иван Константинович низ Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ шуд. Қаҳрамони дигари Иттифоқи Шуравӣ Шмелев Борис Елисеевич сокини шаҳри Чкаловск вилояти Суғд аст.
Генерал- лейтенанти мустаъфӣ Туравиц Н.И. ҳам аз Тоҷикистон ба ҷанг рафта буд. Барои дар ҷанг кам талаф ёфтани қисми ӯ ва корнамоию диловарӣ нишон додан Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ шуд.
Антон Семен Михеевич коргари «Тодҷиккинопрокат» низ Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ шуд. Ӯ аз ин ҷо омӯзишгоҳи лётчикии Таганро рафта баъди хатм кардан 93 парвози ҷангӣ дошт ва соли 1965 дар рутбаи полковник мустаъфӣ шуд.
Шаҳрванди Тоҷикистон Почняк В.Г. (собиқ командири баталёни кӯҳии тирандозии тоҷик), яъне «Тоҷик полк»ё худ «Полки Балҷувонӣ» ҳам мегуфтанд, дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дараҷаи генерал-лейтенант ва унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ расид.
Дар муҳорибаҳои назди берлин шаҳрвандони Тоҷикистон П.Балакин, А. Горелов, Ф. Чепурин диловарӣ ва шуҷоат нишон дода сазовари номи Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ шуданд. 2 майи соли 1945 Берлин таслим шуд. 9 май халқи Шуравӣ рӯзи ғалабаро тантанавор ҷашн гирифта буд.
Дар ин ҷанг дар қатори ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шуравӣ қариб 300 ҳазор нафар мардону занҳои миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон – 14% аҳолии имкони силоҳ ба даст гирифта ба ҷанг фиристода шуда буданд. Аз инҳо 50 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардида, 54 нафар соҳиби унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ гардиданд ва 14 нафар соҳиби се дараҷаи ордени шараф шудаанд. Дар давоми ҷанг дар қатори мардон занон низ корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ нишон доданд. Духтурон Исоева А., Ҳайдарова Ш, радиотехник Саодат Алибоева, Лётчик Оёгул МуҳаммадҷоновнаЮ, қаториҳо С. Умарова, С. Сангинова, Р. Фозилова, Н. Қурбонова ва Р. Ёқубова дар ғалаба саҳм гузоштанд.
Шояд боз чӣ қадар қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ –ро мо то ҳол намедонем. Кофту коб дар ин хусус идома хоҳад дошт.
Яке аз нишонаҳои бузурги эҳсоси ватандӯстӣ дар ёрии ҳамаҷонибаи мардум ба фронт буд. Аз Тоҷикистон ба фронт 151 вагон хӯрокворию либос фиристода шуда буд. Барои сохтани колоннаи танки «Колхозчиёни Тоҷикистон» беш аз 84 млн. сӯм ҷамъ шуд. Барои таъсиси эскадриля бошад, 35,2 млн. сӯм ҷамъ карда шуд. Ҳамин буд, ки зиёда аз 103 ҳазор нафар меҳнаткашони Тоҷикистон бо меҳнати фидокоронаи худ ба фаронт ёрӣ расонда буданд, бо медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» мукофотонида шуданд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ дар ғалаба бар Германияи фашистӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Д. Ғиёсов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав