26.08.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муддати камтар аз ду сол ва қабл аз муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ҳамчунин аз китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуд аст, ки хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд.
Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд.
Баҳри иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкасб гардонидани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Духтарон баробари омӯхтани дӯзандагӣ, ҳамзамон бо роҳнамоии омӯзгорон метавонанд бо нозукиҳои касбу ҳунарҳои дигар низ бохабар шаванд.
Дар назди муассисаи навбунёд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба зинаи ибтидоии таълимӣ маркази инкишофи барвақтии кӯдак низ фаъолият мекунад, ки ҳоло дар он 24 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шудааст. Осорхона бо тарҳи муосир оро ёфта, дар он экспонатҳо аз зиндагию корномаҳои Пешвои миллат, овони мактабӣ то замони давлатдориашон ҳикоят мекунанд.
Ҳадаф аз таъсиси осорхона пеш аз ҳама тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани воқеияти зиндагию корнома ва ҷонбозию фидокориҳои Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврас мебошад.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимии навбунёд толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои баскетболу волейбол ва як майдончаи варзишии дигар дар саҳни бино барои бозии футбол сохта шудааст.
Дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 250 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки дорои 200 ҷойи нишаст мебошад.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 45 омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд. Мактаб дорои таҷҳизоти гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фасли зимистон гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам карда шудааст, ки ба ташаккули ҳисси зебоипарастии хонандагон мусоидат менамояд. Роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат ва гирду атрофи иншоот низ бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Гуловҳо наздик ба як километр мумфарш карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 воқеъ дар маҳаллаи 4-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара

