Сабаби асосии сар задани ҷанги байни Олмони фашистӣ ва ИҶШС, ки он ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил ёфт, пеш аз ҳама вуҷуд доштани зиддияти байни сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии байни сотсиализму капитализм буд. Империалистони Аврупову Осиё ва Амрико Ҷанги дуюми ҷаҳонро оғоз намуда, тавонистанд, ки онро ба ҷанги зидди сотсиализм-равона созанд. Сабабҳои дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ инҳо ба ҳисоб мерафтанд: ёрии амалии ИҶШС ба ҳама гуна иттиҳоди зидди фашистӣ ё зиддиолмонии давлатҳое, ки ҳоло ба ҳуҷуми фашизм дучор нагардида буданд; дар ҳамон соли 1941 танҳо мондани ИҶШС.
Аз ҷиҳати дигар, бе шикасти ИҶШС Олмон наметавонист, ки дар Аврупо нақшаҳои худро амалӣ созад. Шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмон имконият медод, ки муқобилияти ҳарбӣ ва сиёсию байналмилалии Англия ва ИМА-ро бо осонӣ ҳал намояд.
Сабаби дигари ин ҷанг фароҳам омадани шароити мусоид барои Олмон буд, ки онро ба ҷанги зидди ИҶШС ҳидоят мекарданд.
Солҳо мегузарад, аммо он нафароне, ки барои амнияту оромӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳифзи якпорчагии Ватани хеш хизматҳои шоён нишон дода, рисолати ҷавонмардии худро адо намудаанд, қаҳрамониҳои онҳо аз хотираҳои насли ояндаи он миллат ба фаромӯшӣ намеравад ва нахоҳад рафт, чунки номҳои онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат бо хатҳои заррин сабт гардидааст.
«Агар мо ба осори бузургонамон рӯ орем, ватану ватндорӣ аз ҳама шарафи бузург маънидод гаштааст. Воқеан мафҳуми Ватан ва ба сарзамини аҷдодии тоҷикон алоқаманд буда, ба муносибати имрӯзаи сокинони кишвар бо ҳаёту фаъолият, шуҷоату қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ, меҳнату корнамоии наслҳои пештараи ниёгонамон ишора мекунад».
Бояд гуфт, ки ноҳияи Балҷувон яке аз ноҳияҳое ба ҳисоб меравад, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватани шумораи зиёди фарзандони ватандӯсти ин ноҳия иштироки фаъол намудаанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ягон фарди бошуури Иттиҳоди Шӯравиро бетараф нагузошт. Аз хурд то пирони барҷомондаи Балҷувон низ мақсади Германияи фашистӣ, Гитлер ва думравони ӯро ҳис карда буданд. Онҳо бо масъулияти том худро ба набард омода месохтанд. Гарчанде ноҳияи Балҷувон аз Украинаю Белоруссия, ҳазорҳо километр дур воқеъ шуда бошад ҳам, он рӯзҳо халқҳои ин сарзаминҳо худро ёру бародарони қарин медонистанд. Ҳатто аз забони деҳқони хокпоши балҷувонӣ шунида мешуд: «Ҳуҷуми Германияи гитлерӣ ба хоки Украинию Белоруссия ин ҳуҷум ба хоки муқаддаси Балҷувони мост. То охири моҳи июли соли 1941 аз ноҳияи Балҷувон 172 нафар ҷавонон ба фронт фиристода шуданд».
Дар моҳҳои аввали ҷанг аз 720 нафар сокинони қобили меҳнати деҳшӯрои Садайбарда 185 нафарашон ба ҷанг фиристода шуда буданд. Умуман дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 260 деҳаи ноҳияи Балҷувон 7696 нафар ба фронт сафарбар шуданд, ки аксари онҳо дар ҷанг қаҳрамонона шаҳид гардиданд. Агар аз вилояти Кӯлоб зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуда бошанд, зиёда аз 10 фоизи онро фарзандони Балҷувон ташкил медоданд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ набарде набуд, ки дар он фиристодагони Тоҷикистон иштрок накарда бошанд. Ҷавонмардони балҷувонӣ дар озод намудани шаҳру деҳаҳои Украина, Белоруссия, Молдавия, кишварҳои Назди Балтика ва дигар мамлакатҳои дар асорати гитлерчиён мондаи Аврупои Шарқӣ қаҳрамонона ҷонисорӣ намуда, дар ғалаба аз болои таҷовузкорон саҳми худро гузоштаанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сарзамини кӯчаки Хатлон 8 нафар фарзандони он барои корнамоиҳояшон дар набардҳои шадид сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гаштанд, ки 3 нафари онҳо- Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев аз ноҳияи Балҷувон мебошанд. Шаҳидони ҷанг медонистанд, ки ба инсон ҳаёти дубора насиб намегардад, вале онҳо дарк карда буданд, ки ғалаба ба қимати ҳаёт даст медиҳад, яъне онҳо ғалабаро ба қимати ҷон ба даст овардаанд. Онҳо шӯҳрат наҷустанд, вале бо ҷасорату мардонагӣ худро дар саҳифаҳои таърих абадзинда гардониданд. Мо насли ояндаи ин миллат ба онҳо сари таъзим фуруд меорем, хизматҳои ҷавононмардонаи онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳем кард, хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.
Хостем вобаста ба қаҳрамониҳои ин се Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев, ки аз ноҳияи Балҷувон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар шуда буданд, маълумот диҳем то ин ки ҷавонони саодатманди кишвар аз қаҳрамониҳои фарзандони шуҷову далери миллат бо хабар гардида ин шахсиятҳоро ҳамчун идиали худ дар зиндаги қабул намдуа ба халқу миллати хеш хизматҳои шоиста намоянд.
Турдиев Саидқул Алиевич- Соли 1912 дар деҳаи Хонаободи ноҳияи Балҷувон вилояти Кулоб (ҳозира вилояти Хатлон) ба дунё омадааст. Соли 1942 аз шаҳри Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ҳайати полки 342-юми тирандозии дивизияи 136-уми Армияи 38-уми Ҷабҳаи Воронеж зидди фашистон ҷангидааст. Шаби 2 октябри соли 1943 яке аз аввалинҳо шуда дарёи Днепрро дар назди деҳаи Казачийи вилояти Киев убур кард. Турдиев Саидқул дар натиҷаи ҷанги шадид, ки ҷангро барои ба даст даровардани мавқеъ роҳбарӣ мекард, 3 октябри соли 1943 қаҳрамонона ҳалок гардид. Ҷасади ӯро дар шаҳри Киев ба хок супоридаанд. Бо фармони Раёсати Шурои Олии ИҶШС аз 10 январи соли 1944 барои далерӣ ва шуҷоат ба Турдиев Саидқул унвони олии Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудааст.
Сафар Амиршоев- 15 декабри соли 1912 дар деҳаи Заргари ҷамоати деҳоти Садайбардай ноҳияи Балҷувон вилояти Кулоб (ҳоло вилояти Хатлон) чашм ба олами ҳасти кушодааст. То соли 1935 дар колхози ба номи Кирови ноҳияи Балҷувон ҳисобчӣ ва котиби колхоз буд. Соли 1935 ба Армияи Сурх даъватшуда, дар шаҳри Сталинобод дар ҳайати полки 47-уми кӯҳгарди савораи тоҷик аввал ҳамчун аскари қаторӣ ва пас аз хатми мактаби шашмоҳа командир ба сифати ёрдамчии командири взводи савора то соли 1937 хизмат кардааст. Декабри соли 1941 ба ҷанг рафта, аввал дар ҳайати батареяи 5-уми дивизиони 2-юми полки 206-уми артиллерии дивизияи 8-уми артиллерии захираҳои Сарфармондеҳи Олии ҷабҳаҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Воронеж ба сифати сардори дастаи тӯпчи миёни тӯпи 122 мм зиди фашистон ҷангидааст. 16 июли соли 1944 душман бо 17 танк ба муқобили батареяи 5-ум ҳуҷум кард, ки дар натиҷа ҷанги шадиде оғоз гардид. «Дар натиҷа тирпорае пӯсти абрӯи Сафар Амиршоевро то ба оғушаш бурида буд. Ӯ хуни рӯи чашмонаш таровидаро бо кафи даст пок карда, ҳалқаи ресмони тирандозро башаст кашид. Дар ҳамин вақт ҳамшираи тиббӣ Нина Динченко назди Сафар омада, ҷароҳаташро баст ва хост, ки ӯро аз майдони муҳориба берун барорад, аммо Сафар розӣ нашуд. -Ман тӯпи худро танҳо гузошта наметавонам,- гуфт ӯ».
Душман ба муқобили тӯпи Сафар як бора 12 танкро сафарбар кард. Ҳамин тариқ Сафар Амиршоев дар муҳорибаи мазкур бо хастанопазирии худ мардонавор тоқат карда то дами охирини марг бо душманон набард нишон додааст, қисми аз ҳамаскарони Сафар дар лаҳзаҳои душвории ҷанг ҳамшарики худро танҳо гузошта фирор намудаанд. Марг гулӯгираш менамуд, аммо Сафар тан намедод. Охиринбор ресмони тирандозии тӯпро даст гирифту ба шаст кашид ва худ ба рӯи пояи тӯп парӯ афтид. Тӯп сахт такон хӯрду танк оташ гирифт, вале Сафар инро надид. Ӯ қаҳрамонона ҳалок гардид. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз 25 сентябри соли 1944 ба Сафар Амиршоев ҳамчунин барои корнамоиҳои ҷангӣ ба орденҳои «Ленин», «Ситораи Сурх», медалҳои «Барои шуҷоат» ва «Барои мудофиаи Сталинград» қадр карда шудааст.
Исмат Шарипов- Соли таваллудаш 1915, зодаи деҳаи Ғурунги ноҳияи Балҷувон. Соли 1942 аз ноҳияи Данғара ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ҳайати полки 861-уми тирандозии дивизияи 294-уми Армияи 52-юми Ҷабҳаи 2-юми Украина зидди фашистон ҷангидааст.
9 марти соли 1944 дар назди деҳаи Дмитрушкии ноҳияи Умани вилояти Чернигов дар зери оташфишонии душман хазида, ду пулемиёти чархдори онро, ки ба пешравии аскарони шӯравӣ халал мерасониданд бо норинҷак нобуд кард. Ҳамон рӯз дар ҷангҳои кӯчагии шаҳри Уман 3 мошини душманро бо аслиаҳааш тарконда, даҳҳо ҷанговарони гитлериро нест кард ва худаш қаҳрамонона ҳалок гардид. Ҷасади ӯро дар қабристони бародарии шаҳри Обелеи Латвия ба хок супориданд. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз 13 сентябри соли 1944 ба Шарипов Исмат барои шуҷоату мардонагӣ дар ҷангҳои зидди фашистони немис ва убури дарёи Днепр унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудааст. Шуҷоатмандию далерии ин фарзандои ҷонфидою фарзонаи миллат ба мо ҷавонон дарси ибрату мардонагиро меомузонад.
Модари ду нафар аскари сурх Анорбӣ Раҳимова аз деҳаи Чилатоши колхози ба номи Сталини (ҳоло хоҷагии деҳқонии Чорбоғ) ҷамоати деҳоти Саталмушти ноҳияи Балҷувон, ки фарзандонаш Ҳайдаралӣ ва Умаралӣ Шарифовҳо дар ҷанг буданд, шимҳои пахтагини таёркардаи худро ба фронт фиристода, чунин гуфта буд: «Дар ин зимистон қаҳратун бигзор кадом ҷанговаре, ки тӯҳфаҳои фиристодаи маро мепӯшанд меҳру муҳаббати бепоёни модарии ман ӯро чун ҳарорати дили ман гарм нигоҳ дорад. Ба вай қувваю мадори Рустамона бахшад, то ки душманони бераҳму шафқатро саркӯб кунад, рӯзи хушбахтию ғалабаро наздик гардонад».
Маҳз ҳамин дуои нек ва дилгармии модарони тоҷик буд, ки фарзандони баору номуси тоҷик дар набардҳои ҷангӣ бо душман муборизаи шадиду хастанопазири нишон дода, қисме аз онҳо дар набардҳои ҷанги қаҳрамонона ҳалок гардида, қисми дигарашон бо сари баланд ба Ватан баргаштанд. Ва имрӯз мо насли ҷавони кишвар хотирот ва ҷавонмардонагиҳои онҳоро аз саҳифаҳои заррини таърихи миллатамон омӯхта қаҳрамониҳои онҳоро ҳар лаҳза бо неки ба ёд меоварем.
Бо мақсади эҳтиром гӯзоштан ва аз ёдҳои насли ояндаи ноҳияи Балҷувон дур нашудани қаҳрамониҳои ин фарзандони Ватан дар маркази ноҳия осорхонаи таърихии иштирокчиёни ҶБВ таъсис дода шудааст. Дар осорхонаи мазкур китобҳои тозанашр аз ҳаёту фаъолият ва лаҳзаҳои корнамоиҳои нафароне, ки дар он солҳо аз ноҳия иштирок намудаанд, ҷой дода шудааст, ҳар нафаре, ки ба ин макони таърихи қадам ранҷа мекунад ҳатман аз хотироти нек ва қаҳрамониҳои ин қаҳрамонон бархурдор мегардад.
Хушбахтона, имсол дар як фазои тинҷу оромӣ, амнияту ваҳдати миллӣ мардуми сулҳпарвари тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистиро ҷашн мегирем, ки ин боз як нишонаи қадрдонии корнамоиҳои ҷанговарони Шӯравӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин ғалаба барои мардуми шӯравӣ хеле гарон афтод, он ба қимати ҷони ҳазорон фарзандони ҷигарбанди Ватан, ки дар майдони набардҳо қаҳрамонона шаҳид гаштаанд, ба даст омад. Аксари онҳо дар майдонҳои набардҳои шадид бе ному нишон гардиданд.
Мо, насли имрӯз бояд аз корнамоиҳои онҳо ибрат гирем, сабақҳои ибратомӯзи таърихи кишварамонро пайваста омӯзем, музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамонро ҳифз намуда ҳамеша барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон омода бошем.
Раҷабализода С.Р., Набизода Э.Қ.,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав