Сулҳ, ваҳдат яке аз рукнҳои асосии ҳаёти ҷомеаи башарӣ ва шарти асосии рушди устувори ҳар як давлату миллат дар ҷаҳони имрӯз баҳисоб меравад. Бо вуҷуди пешрафти назарраси техникаву технология ва рушди бемайлони иқтисодиёти давлатҳо дар ҷаҳони имрӯза, ҳанӯз ҳам ҷаҳон бо мушкилоти зиёди низоъҳои низомӣ, мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои амниятӣ рӯ ба рӯ аст. Низоъҳои шадиди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, рақобатҳои геосиёсӣ, шикасти равандҳои муколама ва поймол гардидани ҳуқуқи байналмилалӣ, вазъи амниятии сайёраро номуайяну печида ва якбора шадидтар сохтааст.
Дар ин замина, пешниҳодҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълони Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллтат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ садо дод, як иқдоми таърихӣ ва беназир арзёбӣ карда мешавад. Ин ташаббус дар моҳият, шакл ва ҳадаф аз доираи як пешниҳоди сиёсӣ берун рафта, ба марҳилаи эҳёи тафаккури инсонӣ ва масъулияти умумии башарӣ ворид мешавад.
Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун ташкилоти марказии ҷомеаи ҷаҳонӣ, нақши муҳими идоракунӣ ва ҳамоҳангсозиро дар таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ дорад. Бо гузашти 80 – сол аз қабули Оинномааш СММ ҳамчун минбар ва майдони муколама барои ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳо мавқеи устувор ва беназирро нигоҳ доштааст. Пайвастан ба ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” метавонад заминаи рушди фазои устувори амниятиро дар ҷаҳони мутамаддин таъмин намояд.
Тоҷикистон, ки таҷрибаи таърихии зиёде дар мубориза барои сулҳу ваҳдат ва субот дорад, бо фаъолияти дипломатӣ ва ташаббусҳои созандааш дар минтақа ва ҷаҳон шинохта мешавад. Кишвари мо бо пешниҳодҳои навоварона ва рафъи мунтазами низоъҳо бо роҳи гуфтушунид ва музокирот намунаи олӣ барои дигар кишварҳо дар заминаи ба даст овардани сулҳ мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи даҳсолаҳои таҳкими сулҳ ва барномаҳои гуногуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани сулҳ ва амният дар минтақа ва ҷаҳон мақоми муҳимро касб намудааст.
Ташаббусҳои эълон намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Форуми сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе, пешниҳоди эълони Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ва ахиран эълон шудани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ин ҳама дар ҳамин руҳия, яъне эҳёи фарҳанги сулҳу ваҳдат ва масъулияти байналмилалӣ, шакл гирифтаанд.
Тоҷикистон нақши калидии худро дар масоили об, иқлим, амният, фарҳанги муколама ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути ташаббусҳои стратегӣ ва созанда нишон додааст. Сулҳ барои Тоҷикистон танҳо як дастоварди гузашта нест, он як рисолат ва нигариши сиёсати дохиливу хориҷии он дар сатҳи байналмилалист. Пешниҳоди эълони даҳсолаи таҳкими сулҳ дар сатҳи СММ, ки соли 2024 ироа ва соли 2025 дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумӣ боз таъкид гардид, ҷавоби мустақим ба шароити пуртазоди ҷаҳони муосир мебошад.
Ҳадафи ин ташаббусҳо на танҳо ҷилавгирӣ аз муноқиша, балки ташаккули ҷомеа ва ҷаҳони ҳамзистии осоишта аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллтат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки сулҳ на танҳо набудани ҷанг аст, балки фазои мусоиди сиёсӣ, рушди иҷтимоӣю иқтисодӣ баробарии имкониятҳо, адолати ҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашариро низ фаро мегирад. Бо ҳамин нигариш, Тоҷикистон кулли ҷомеаи ҷаҳониро ба як ҳамкорӣ ва ҳамраъйии фарогир даъват менамояд.
Хулоса ҳамин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо кишвари дӯстдору сулҳпарвар, балки яке аз симоҳои ташаббускори сиёсати дохилию байналмилалӣ гардидааст. Ва маҳз дар ҳамин нақш, Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори он аст, ки садои он дар минбарҳои ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар садо дода, ба хотири субот, ба хотири адолат ба хотири зиндагии осоишта ва ба хотири зиндагии беҳтари наслҳои оянда.
Бекмурод Наимзода,
дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав
