Имрӯз дар кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди дотсенти кафедра Маҳкамзода Дилором мавзуи “Машқи тарҷумаи матнҳои публитсистӣ-бадеӣ” бо донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси журналист-тарҷумон аз фанни Тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ баргузор гардид.
Дар ин дарс омӯзгорон аз факултетҳои забон ва адабиёти рус ва забонҳои хориҷӣ иштирок намуда, оид ба дарс фикрҳои худро баён намуданд.

