Имрӯз бо ибтикори факултети сиёсат ва идораи давлати ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 31 – солагии Конятитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Абдураҳимзода Сиёвуш, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи рушди низоми иқтисодиёти миллӣ”, Ҷаборов Диловар, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Конститутсия – пояи давлат ва рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон”, Ҳамрозода Мавлуда,омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Конститутсия ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷомеаи муосир” ва Раҷабова Ҷонона, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ дар мавзуи “Конститутсия санади олии ҳуқуқии кишвар” маърӯза намуданд.

