Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи корӣ бо иштироки Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид, ки дар он масъалаи «Фаъолияти ДДБ ба номи Носири Хусрав дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардида, натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии донишгоҳ дар соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки соли 2025 барои донишгоҳ соли пурмаҳсул буда, дар самти баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва таҳкими пойгоҳи моддӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома Сафарбекзода Хукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ маърӯза намуда, самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи донишгоҳро шарҳ дод.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 муайян гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти донишгоҳ пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба устодону кормандон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои муайяншуда супоришҳо дода шуданд.
Сипас, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба як қатор профессорон ва устодон барои бо муваффақият дифо намудани рисолаҳои илмӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

