Имрӯз, 6-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар факултетҳои донишгоҳ дидан намуданд.
Нахуст, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба довталабон буклет, ки муаррифи ихтисосҳои он аст супорида шуд. Дар ин замина шумораи махсусии нашрияи “Фурӯғ”, ки фаъолияти пурраи донишгоҳро дар бар мегирифт, ба хонандагон тақдим карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ин рӯз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна аз лабораторияҳои химиявӣ, биологӣ, физикӣ, синфхонаҳои лексионӣ, лингафонӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии донишгоҳ дидан дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ 14 факултет амал мекунад, дар он аз рўйи 104 ихтисос мутахассис омода мекунад.

