Имрӯз 2-юми апрели соли равон дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни вилоятии “Донояк” байни хонандагони синфҳои 2 ва 4 баргузор гардид.
Ин озмун бо мақсади муайян намудани хонандагони болаёқат ва муаррифии онҳо дар сатҳи вилоят ташкил шуда буд. Директори литсей Нориён Зарина ва омӯзгор Давлатова Раҷабмоҳ чорабиниро роҳбарӣ намуданд.
Дар оғози озмун шартҳо ва қоидаҳои он ба хонандагон муфассал шарҳ дода шуд ва сипас варақаҳои саволҳо тақсим гардид. Хонандагон бо шавқу завқи зиёд ба иҷрои супоришҳо пардохтанд.
Озмуни “Донояк” яке аз озмунҳои пурарзиш дар байни хонандагони хурдсол ба шумор меравад, ки зеҳни онҳоро месанҷад ва рӯҳияи рақобатпазириро дар онҳо парвариш медиҳад. Дар натиҷаи ин давр иштирокчиёне, ки ба марҳилаи вилоятӣ роҳ меёбанд, муайян хоҳанд шуд.

