Дар шароити афзояндаи динамикии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди қишри ҷавонони ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Мақомоти давлатӣ ба дигаргунсозиҳои дохилӣ ва чолишҳои ҷаҳонишавӣ бошуурона вокуниш нишон дода, заминаи меъёрии сиёсати ҷавононро бунёд намуда, мутобиқ будани онро ба шароиту талаботи замон таъмин менамоянд.
Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт соли 2021 қабули таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» буд, ки равишҳои муосири таъмини ҳуқуқ, манфиатҳо ва ҷалби насли наврасро ба равандҳои рушди ҷомеа инъикос менамояд. Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии мазкур «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» тасдиқ карда шуд, ки ҳуҷҷати маҷмуии барномавӣ буда, дар самти дастгирӣ ва рушди ҷавонон дастурҳои дарозмуддатро муайян мекунад.
Ҳамзамон, асосҳои консептуалии татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои умумибашарӣ ташаккул меёбанд, ки фарогирии фаъолонаи ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷавононро ба механизмҳои иштироки ҷомеа, қабули қарорҳо ва татбиқи ташаббусҳои муҳимми иҷтимоӣ дар назар доранд. Чунин равиши муназзам ва аз ҷиҳати стратегӣ санҷидашуда ба таҳкими институтсионалии сиёсати ҷавонон, ҳамгироии он ба равандҳои ҷаҳонӣ ва ташаккули насли аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул, ки қодир ба вокуниши муассир ба чолишҳои замони мост, мусоидат мекунад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун як механизми муҳимми татбиқ, ба ташаккул ва таъмини шароити муносиб барои рушди иҷтимоии самараноки ҷавонон нигаронида шудааст. Ҳадафи ин сиёсат, ки барои пешбурди маҷмуи захираҳои инсонӣ ва истифодаи хидматҳои ҷавонон таҳия шудааст, инкишофи инноватсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Вақте ки чунин шароити мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда мешавад, ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки дар равандҳои тадриҷии иқтисодӣ, технология ва таҳаввулоти иҷтимоӣ нақши фаъол дошта бошанд. Натиҷаҳои фаъолият ва иштирок дар ин равандҳо барои рушди умумии кишвар ва беҳбудии ҷомеа аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.
Давлат ҷавононро муҳимтарин манбаи рушди устувор дониста, саъй мекунад, ки барои худшиносии онҳо бо роҳи таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти 102 босифат, механизмҳои самараноки шуғл, дастгирии иҷтимоӣ ва баёни маданӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Ҳамзамон, институтсионализатсияи шаклҳои иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ амалӣ карда мешавад, ки ба ташаккули ҳисси доимии иштирок ба тақдири кишвар ва масъулият барои ояндаи он дар байни шаҳрвандони ҷавон мусоидат мекунад.
Иттиҳодиҳо ва созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон дар амалӣ кардани сиёсати давлатии ҷавонон нақши калидӣ мебозанд. Тавассути фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин созмонҳо ба таъмини иштироки фаъол ва созандагони ҷавонон дар равандҳои ислоҳоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва пешравии давлат кумак мекунанд.
Қайд намудан зарур аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон бояд маҷмуавӣ бошад ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷавононро фарогир бошад. Дар чунин ҳолат, сиёсати давлатии ҷавонон бахшҳои гуногун: маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар ҷанбаҳо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд, дар бар мегирад.
Дар ин замина, ташвиқи муҳокимаронӣ, мубодилаи озоди андешаҳо ва густариши фарҳанги гуфтугӯ дар байни ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз тавассути чунин равандҳо қобилияти таҳлилӣ, тафаккури танқидӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо тақвият меёбад. Умуман, таъсиррасонӣ ба ҷавонон дар таъмини устуворӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҷомеа як навъ унсури муҳимми стратегӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити имрӯза дар кишвар ба масъалаҳои ҷавонон мақомотҳои зиёде фаъолияти танзимнамоӣ ва муташаккилсозиро анҷом медиҳанд.
Онҳо дар сатҳҳои мухталиф оид ба фаъолият ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан насли наврас қарорҳои гуногун қабул мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти мақомотҳои мухталифи давлатӣ стратегияи ягона мушоҳида карда мешавад. Ҳамоҳангсозӣ ва маркази ягона барои баррасии амалинамоии сиёсати ҷавонон, ки муҳимтарин қисми сиёсати давлатиро ташкил медиҳад, дар бисёр ҳолатҳои мавҷуд самаранок ба назар мерасанд.
Воқеан, ҷой доштани як маркази ҳамоҳангсозӣ ва тартиби ягона дар идоракунии сиёсати ҷавонон як қатор муваффақиятҳоро ба миён меорад, зеро зарур аст, ки фаъолияти тамоми мақомоти дахлдор дар таҳлили амиқ ва дақиқ қарор дода шавад. Агар як маркази ҳамоҳангсозии муассир ва равшан барои сиёсати ҷавонон мавҷуд бошад, ин на танҳо ба самаранокии амали сиёсати ҷавонон, балки ба эҷоди имкониятҳои беҳтари ҳамкорӣ ва иштироки ҷавонон дар равандҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мусоидат хоҳад кард.
Таъсиси маркази ягона барои таҳлили фаъолиятҳои ҷорӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшуда метавонад равандҳоро ба самти беҳтар ва дурусттар ҳидоят кунад. Тавассути чунин як марказ, ҳамаи сохторҳои давлатӣ метавонанд дар амалӣ кардани сиёсатҳои ягона ва самаранок бо ҳам ҳамкорӣ кунанд, ки ин дар ниҳоят ба рушди иҷтимоии муосир ва шукуфоии насли ҷавон кумак мерасонад.
Самандар Раҷабализода,
н.и.с., омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав