Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии Сайдаҳмадзода Иброҳим Саймаҳмуд, унвонҷӯи кафедраи технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “НАҚШИ МОДЕЛСОЗИИ КОМПЮТЕРИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМӢ АЗ ФАННИ МЕХАНИКА ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ”, зери роҳбарии Ҷӯразода Хайруллоҳ Шароф – доктори илмҳои физикаматематика, профессори кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақият дифо намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08- Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.02 –Назария ва методикаи фанҳои табиӣ (физика)) пешбинӣ мешавад.
