Бо саъю талош ва ташаббуси фарҳангпарваронаи сарвари давлат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим” дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ СММ – ЮНЕСКО ворид гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз дастовардҳо ва рӯйдодҳои муҳими як соли таърихӣ ёдоварӣ карданд. Дар соли 2025 бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, махсусан ворид намудани “Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим” ба қатори 5-умин мавзеи таърихии Тоҷикистон, ин аз шиносонидани ҷаҳониён ба таъриху фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Хуттал, Хутталон – минтақаи таърихӣ дар каронаи шимолии рӯди Омударё, ки миёни шохаҳои Вахшу Панҷи ин рӯд қарор дошт. Ин минтақа дар марзҳои вилояти Хатлони Тоҷикистони имрӯзӣ қарор дорад.
Аввалин сарчашмаҳои хаттие, ки дар бораи “Хутталон” маълумот додаанд, ин сарчашмаҳои асримиёнагии хитоӣ мебошанд. Мақдисӣ низ яке аз ҷуғрофидонон ва таърихнигорони асримиёнагӣ буда, Хатлонро муталлиқ ба давлати Ҳайтолиён донистааст. Хатлон дар асрҳои VII-XI яке аз вилоятҳои калонтарини Мовароуннаҳр буд.
Тибқи сарчашмаҳои асрҳои X-XII ба ҳудуди Хутталон мавзеъҳои Мунк, Бик, Тамлиот, Парғар, Андичароғ, Ҳулбук, Ковбанҷ, Барсариғ ва ғайра дохил мешуданд. Ҳудуди имрӯзаи Хуттали қадимро, ки дар худ осори бойи таърихиву фарҳангиро маҳфуз нигоҳ доштааст, боқимондаи шаҳрҳои қадимаи Хуттал мегӯянд.
“Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим” фарогири 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъморӣ: Дайри Буддоии Аҷинатеппа (н. Вахш), Қалъаи Ҳулбук (н. Восеъ), Шаҳристони Ҳулбук (н. Восеъ), Шаҳраки Манзаратепа (н. Восеъ), Қалъаи Золи Зард (н. Данғара), Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (н.Данғара), Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) (н. Ҷ.Балхӣ), Шаҳристони Золи Зар (н. Фархор), Корвонсаройи Тоҳир (н. Фархор), Шаҳртеппа (н. Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (н.Ховалинг).
Ин ёдгориҳои таърихи ишорат ба санъати баландии меъмориву шаҳрдории тоҷикон мекунанд. Ҳар як қабати хоки ин мавзеъҳо осори гаронмояи мора ҳифз кардааст, ки онҳо забони гӯёи таъриху фарҳанги мо мебошанд.
Зиёди ин ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадимро олимони хориҷӣ таҳқиқу баррасӣ кардаанд ва аз таърихи пурғановат доштанӣ миллати мо воқиф гаштаанд. Ҳамаи ин гувоҳи таърихӣ қадима доштани миллати тоҷик аст.
Самандар Раҷабалиев,
омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ
