Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ализода Нусратулло, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Фаъолгардонии фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” зери роҳбарии Холназаров Санг, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рўйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ,
таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) пешбинӣ шудааст.
