Имрӯз 2-юми феврали соли 2026 нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма аз телевизион, радио, рӯзнома ва маҷаллаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, кормандони раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо иштирок намуданд.
Нахуст, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти ДДБ ба номи Носири Хусрав маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки иқдомҳои нави Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шуд.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар заминаи дастгириҳои иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2026 музди маоши кормандон 10 фоиз аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта шавад.
Дар назди Донишгоҳ институти илмӣ-таҳқиқотӣ (табиатшиносӣ ва техникӣ), маркази «Мавлоношиносӣ», литсей, маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Хуросон, мавзеи таълимию таҷрибавии донишгоҳ дар минтақаи “Зағертут” ва 14 факултет фаъолият менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2025 ба даҳгонаи аввали мактабҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ шомил гардид.
Ҳоло дар 45 кафедраи донишгоҳ 680 нафар омӯзгор, аз ҷумла 2 нафар академик, 24 нафар докторони илм, 213 нафар номзадҳои илм ва 441 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардиданд. Айни замон ҳиссаи омӯзгорони унвондор 35,1 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2024 теъдоди омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидор 1,6 фоиз зиёд гардидааст.
Шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 23011 нафар, аз ҷумла дар шуъбаи рӯзона – 10076 нафар, таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона – 12537 нафар ва зинаи магистратура – 398 нафар мебошад. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 10609 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии донишҷӯён 46,1% фоизро ташкил медиҳад.
Дар донишгоҳ 9 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар таҳсили фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯёни мазкур аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркменистон мебошанд.
Айни ҳол дар донишгоҳ 506 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 2,2%-и донишҷӯёни донишгоҳро ташкил медиҳад. 35,8%-и донишҷӯён аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил менамоянд. Инчунин 10 нафар ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд.
Ҳамчунин, 460 нафар донишҷӯ аз табақаҳои ниёзманд таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 27 нафар ятими кулл, 379 нафар нимятим, 54 нафар имконияти маҳдуддошта мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи пайвастаи раёсати донишгоҳ қарор доранд.
Яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавҷуд будани заминаи моддӣ-техникии муосир мебошад, ки бевосита ба омода кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.
ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТАЪЛИМӢ
Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ бунёд намуда, дорои 9 бинои таълимӣ, 1 бинои маркази компютерӣ ва китобхонаи электрониву анъанавӣ ҳамзамон, 211 аудиторияи дарсӣ, аз ҷумла, 41 кабинети фаннӣ, 25 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингафонӣ, инчунин 3 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 4 майдон ва як маҷмааи варзишӣ мебошад. Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, дар маҷмуъ зиёда аз 1000 компютер, 303 тахтаи электронӣ, проекторҳо ва пардаҳои проексионӣ ва 35 адад смартэкранҳо мавҷуд мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода мешаванд. Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷӯён мувофиқат мекунад.
Ҳамзамон ба иттилои шумо мерасонем, ки соли ҷорӣ дар назди кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ пас азнавсозӣ студияи таълимӣ-таҷрибавӣ ба истифода дода шуд, ки он метавонад дар омода намудани мутахассисони касбӣ дар самти рӯзноманигорӣ мусоидат намояд.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ – МЕТОДӢ
Дар донишгоҳ тибқи муқаррарот дар як сол дар ду давра комиссияи донишгоҳӣ оид ба интиқол ва барқароркунӣ фаъолият мекунад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷаласаҳои комиссияи интиқолу барқароркунӣ 1264 ариза баррасӣ шуда, аз онҳо 1174 ариза қонеъ карда шуд.
Натиҷаи сессияи имтиҳонӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 бо чунин нишондод ҷамъбаст гардид. Аз 10015 нафар донишҷӯи таҳсили рӯзона 8189 нафар дар даври аввал комёб гардида, 1826 нафар бо сабабҳои гуногун қарздор монданд. Сатҳи сифати таълим 39,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5% баланд гаштааст. Пешрафт бошад 81,9 фоизро ташкил дод.
Такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ
Дар давраи ҳисоботӣ доираи ҳамкориҳо бо ҷалби мутахассис аз Донишгоҳи дӯстии халқҳои Федератсияи Русия ба номи Патрис Лумумба бо ҳамоҳангсозии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон барномаи такмили ихтисос дар мавзуи “Современные эффективные методики обучения русскому языку в общеобразовательных школах Республики Таджикистан” гузаронида шуд, ки 53 нафар омӯзгорони донишгоҳ ва литсейи назди донишгоҳ ҷалб гардида, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Бо ин мақсад дар соли ҳисоботӣ 40 нафар омӯзгорони донишгоҳ аз курси такмили ихтисоси тахассусии сайёр аз рӯйи равияи «Усулҳои фаъоли таълим», ки аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 87 чорабиниҳои тарбиявӣ бо ҷалби васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ин муддат тавассути сомонаи расмии донишгоҳ, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳафтаномаи «Фурӯғ» ва васоити ахбори омма мунтаззам корҳои фаҳмондадиҳӣ, интишор карда шуда, аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон зиёда аз 63 номгӯи мақолаҳо доир ба мавзуъҳои тарбияи ватандӯстӣ, сулҳу оромӣ, истиқлолият ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омаданд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар донишгоҳ 14 маротиба суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Дар ин давра тибқи нақша-чорабиниҳо дар хобгоҳи донишҷӯён 23 мулоқоту вохӯриҳо, викторинаҳо, чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, варзишӣ ва шабнишиниҳо бо иштироки донишҷӯёни хобгоҳ доир карда шуд.
Дар соли 2025 дар маҷмуъ бо мақсади иҷрои бандҳои Консепсияи миллии тарбия дар донишгоҳ зиёда аз 381 мулоқоту вохӯриҳо, суҳбатҳои инфиродӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардидааст.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Дар самти илм ва инноватсияи донишгоҳ нақша-чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуда, то ин муддат як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дар соли 2025 46 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадиву докториашонро бо муваффақият дифоъ намудаанд. Ин нишондод дар соли 2024 ба 28 нафар баробар буд. Агар дар соли 2024 дар донишгоҳ 208 нафар омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта фаъолият намуда бошанд, ин нишондод дар соли 2025 ба 239 нафар расидааст. Потенсиали илмии донишгоҳ дар соли 2024 ба 33,5% рост меомад. Ин нишондод дар соли 2025 ба 35,1% расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6% зиёд гардидааст.
Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дар соли 2025 2210 номгӯи маводи илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла 29 монография, 5 китоби дарсӣ, 671 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ва дар маҷалаҳои РИНЦ, 573 мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ, 235 мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 697 мақолаҳои дохилидонишгоҳӣ ба нашр расидааст.
Дар соли 2025 дар донишгоҳ 103 чорабинии илмӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва амалӣ баргузор карда шуд. Аз ин шумора 6 конференсияи байналмилалӣ, 12 конференсияи ҷумҳуриявию вилоятӣ, 6 конференсияи умумидонишгоҳӣ, 2 маҳфили илмӣ-адабӣ ва 77 мизи мудаввар гузаронида шудааст. Дар чорабиниҳои баргузоршуда муҳимтарин масъалаҳо, аз қабили самтҳои афзалиятноки илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар асоси нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ баргузории конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1160-солагии донишманди бузург Закариёи Розӣ, бахшида ба 1045-солагии нобиғаи башарият Абуалӣ ибни Сино, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва бахшида ба дигар санаҳои таърихиву мавзуҳои мубрами рӯз ҷамъомадҳои илмӣ гузаронида шуд.
Раёсати донишгоҳ ба хотири ҳамкорӣ бо рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ ба 30 номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳо ба теъдоди 533 нусха обуна гардида, тавассути рӯзномаҳои мазкур аз масоили муҳимми ҷомеа огоҳ шуда, омӯзгорону донишҷӯён мақолаву гузоришҳои худро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ пайваста рӯйи чоп меоранд.
Дар донишгоҳ дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD низ мутахассис омода карда мешавад.
Дар соли 2025 дар 45 кафедраи донишгоҳ 51 маҳфил ва 14 – ҷамъияти илмии донишҷӯён амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1670 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд. Ба ин маҳфилҳо номзадҳои илм, профессорон, саромӯзгорон ва омӯзгорони ботаҷриба роҳбарӣ мекунанд.
Соли 2025 дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони донишгоҳ ба гирифтани 1 – ҷойи дуюм ва 1 – ҷойи сеюм сазовор гардиданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии аҳли донишгоҳ мебошад.
Инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 2 – ҷойи дуюм ва 1 – ҷойи сеюм, ҳамзамон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 3 – ҷойи 3-юмро ишғол намудаанд.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ омӯзгорону донишҷӯёнро барои ишғоли ҷойҳои намоён дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳимояи бомуваффақонаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар соли 2025 онҳоро ба маблағи 332000 сомонӣ қадрдонӣ намудааст.
Дар назди муассиса чор Шурои диссертатсионии амал менамояд, ки аз ин шумора ду Шурои диссертатсионӣ дар соли 2025 таъсис ёфта, ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Давоми соли 2025 30 нафар (19 нафар беруна, 11 нафар кормандони дохила) дар шуроҳои диссертатсионии назди муассиса рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намуданд.
Теъдоди китобҳои китобхонаи муассиса дар соли 2025 ба 270730 ҳазор нусха расидааст. Аз ин теъдод 16200 нусхаи он дар китобхонаи минтақаи Дӯстии халқҳо ҷойгир буда, дар истифода қарор доранд.
Дар донишгоҳ ду мавзуи фармоишӣ амал мекунад, ки дар он 2 нафар докторони илм, 7 нафар номзадони илм, 2 нафар омӯзгор, ҷамъ 11 нафар машғул мебошанд.
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Айни ҳол донишгоҳ бо 37 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад.
Дар соли 2025 тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ бо истифода аз технологияи навини иттилоотӣ, тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) зиёда аз 58 конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар бо иштироки якчанд донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар доир карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки айни ҳол дар донишгоҳ фаъолияти (Маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC)), забони русӣ (Русское Пространство) ва маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Корея дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.
Раёсати донишгоҳ доираи густариши робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Ҷумҳурии халқии Хитой шартномаи ҳамкориро ба имзо расонид.
Дар асоси шартномаҳои амалкунанда 13 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ – Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, давлати Қатар, Русия, Ҷумҳуриҳои Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар форумҳо, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва табодули таҷриба намуданд.
ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ОБОДОНИЮ САБЗКОРӢ
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандӣ ба 135 нафар корманд (аз ҷумла 40 нафар зан) ва 15 нафар фарзандони онҳо роҳхат ба осоишгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ ва лагерҳои тобистона дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 – 25 нафар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ раёсати донишгоҳ фаъолияти эҳсонкорӣ ва ҳавасмандгардониро идома дода, бо ин мақсад омӯзгорон ва кормандони донишгоҳро бахшида ба Иди касбии омӯзгор ба маблағи 484375 сомонӣ ҳавасманд намудааст.
25 декабри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон бинои хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳро ифтитоҳ намуд. Бинои хобгоҳи мазкур дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад ва барои 460 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Дар ин рӯз, ҳамчунин бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони бинои нави хобгоҳ барои донишҷӯён, ки дорои 125 ҳуҷра бо 375 рахти хоб хоҳад буд, муаррифӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки мавзеи хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии «Зағертут»-и шаҳри Левакант, ки 5 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон дар мавзеи номбурда 1252 бех дарахти мевадиҳанда ва ороишӣ нашъунамо дорад.
Бояд қайд намуд, ки дар мавзеи мазкур сохтмони синфхона ва озмоишгоҳҳои саҳроӣ барои коркарди маводи илмии муҳаққиқон дар самти фанҳои дақиқ ва сайёҳӣ ба итмом расид.
Дар Литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли ҷорӣ 401 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, аз он ҷумла, 151 (37,6%) нафарашонро духтарон ташкил медиҳад, ки таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ин хонандагон 28 нафар омӯзгор дарс медиҳанд, аз ин миқдор 16 нафарашон занҳо мебошанд.
Пайваста, меҳнати содиқона, тӯлонӣ ва софдилонаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон донишгоҳ дар мувофиқа бо Иттифоқи касабаи донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ, соҳавӣ, донишгоҳӣ ва Иттифоқи касаба қадрдонӣ карда мешаванд. Соли 2025 2 нафар кормандони донишгоҳ бо мукофоти давлатӣ, аз ҷумла 1 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва 1 нафар бо медали Хизмати шоиста; бо мукофотҳои соҳавӣ 43 нафар; аз ҷумла 19 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 24 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Имрӯзҳо ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо дастовардҳои назаррас арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ватани азизамонро истиқбол гирифта истодаанд, ки албатта ин нишони арҷгузорӣ ба ин боргоҳи илму маърифат мебошад. Рушду тавсеаи нуфузи донишгоҳ дар замони Истиқлоли давлатӣ бесобиқа натиҷабахш арзёбӣ шуда, он аз дастгириҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Маҳз бо дастгириву кӯмакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ дар ин давраи муҳимми давлатдорӣ ба дастовардҳои хеле зиёду мондагор ноил гардид.
Дар фарҷоми сухан, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бандҳои Паёми Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷаҳду талош менамоянд, ки дар пешрафти илми ватанӣ ва рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузошта, 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо дастовардҳои арзандаи илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотӣ истиқбол гиранд.
Саволҳои пешниҳодшудаи хабарнигорон аз ҷониби ректори донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.
Дар охир, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён намуд.

