Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 9 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифта шудаанд. Онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд.
Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори донишгоҳ зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки айни ҳол 506 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд. Ҳамзамон, 10 донишҷӯи дигар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ беш аз 23 ҳазор нафарро ташкил дода, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Ректор ҳамчунин қайд кард, ки донишгоҳ дорои 45 кафедра буда, дар он 680 омӯзгор фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, 2 академик, 24 доктори илм, 213 номзади илм ва 441 ассистент фаъолият дошта, ҳиссаи омӯзгорони унвондор зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, 460 донишҷӯ аз табақаҳои ниёзманд мебошанд, ки аз онҳо 27 нафар ятими кулл, 379 нафар нимятим ва 54 нафар шахсони имконияташон маҳдуданд. Ба таъкиди роҳбарияти донишгоҳ, ин гурӯҳи донишҷӯён таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд.
