Имрӯз як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, зери роҳбарии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар канори шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар барои шинонидани 1500 бех ниҳол ҷой омода намуда, рӯзҳои наздик мешинонанд.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола бо маром идома ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо сокинон дар он фаъолона иштирок мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2026-ум 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан, ҳамешасабз, мевадиҳанда ва 9095140 дона гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.

