Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси назоратӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор, деканoни факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим оид ба масъалаҳои раванди таълиму тарбия, дарсҳои кушод, шартномаи таҳсил, таъмини донишҷӯён ба хобгоҳ ва таҷрибаомӯзӣ андешаронӣ намуд.

