
Бунёди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин раванд ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба буҳрони шадиди сиёсиву ҳарбӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ буд, рост меояд. Дар чунин шароити мураккаб нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускор, ташкилкунанда ва роҳнамои сиёсати мудофиавии давлат хеле бузург арзёбӣ мегардад. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон бе неруҳои мусаллаҳи мустақили худ монд. Қисмҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ҳудуди кишвар ҷойгир буданд, ба ихтиёри давлат нагузашта буданд. Аз ин рӯ, таъсиси Артиши миллӣ талаботи ҳаётан муҳим гардид. 23 феврали соли 1993 бо фармони роҳбарияти давлат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Ин сана имрӯз ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ таҷлил мегардад.
Дар ҳамин марҳила, бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат, сохтори аввалини идоракунии низомӣ, вазорату ситодҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуданд. Артиши миллӣ вазифаи ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи тамомияти арзии кишварро ба зимма дорад. Бо раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас барои муттаҳид сохтани неруҳои пароканда ва таъсиси як сохтори ягонаи фармондеҳӣ андешида шуданд. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, марҳилаи нави ислоҳоти низомӣ оғоз ёфт. Артиши миллӣ тадриҷан аз шакли ҷангӣ ба сохтори касбӣ ва низомии муназзам табдил дода шуд. Бо мақсади таъмини амнияти мудофиавӣ бо ибтикори роҳбарияти давлат як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд, аз ҷумла:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ».
Ин санадҳо асоси фаъолияти ҳуқуқии Артиши миллӣ гардида, тартиби хизмат, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои низомиён ва кафолатҳои иҷтимоии онҳоро муайян намуданд. Дар солҳои баъдӣ, бо сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат, ислоҳоти фарогири низомӣ амалӣ гардид. Сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ такмил ёфта, неруҳои хушкигард, неруҳои ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои мобилӣ ва дигар воҳидҳои махсус таъсис дода шуданд. Ба рушди маорифи ҳарбӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Академияҳо ва донишкадаҳои ҳарбӣ таъсис ёфта, омодасозии афсарони миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд. Ин иқдом ба ташаккули кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ мусоидат намуд.
Дар шароити таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, таҷдиди техникии Артиши миллӣ аҳамияти махсус касб намуд. Бо дастгирии роҳбарияти давлат, қисмҳои ҳарбӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин гардида, инфрасохтори низомӣ навсозӣ шуд.
Бунёди шаҳракҳои ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити хизмат ва таъмини иҷтимоии афсарону сарбозон аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳое ҳамсарҳад аст, ки баъзан вазъи амниятии мураккаб доранд. Аз ин рӯ, таҳкими неруҳои сарҳадӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати мудофиавӣ гардид. Бо сиёсати дурбинонаи Эмомалӣ Раҳмон иқтидори мудофиавии кишвар тадриҷан афзоиш ёфта, ҳифзи марзҳои давлатӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд.
Яке аз самтҳои муҳим — тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи Ватан мебошад. Сиёсати давлат ба баланд бардоштани нуфузи хизмати ҳарбӣ, таҳкими ҳисси масъулият ва ифтихори миллӣ равона гардидааст. Артиши миллӣ имрӯз на танҳо неруи мудофиавӣ, балки мактаби ҷасорат, интизом ва тарбияи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари давлат дар марҳилаи тақдирсоз хеле бузург аст. Бо роҳнамоии ӯ заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ташкилӣ барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ фароҳам оварда шуда, артиши миллӣ аз як сохтори ибтидоӣ ба неруи муназзаму муосир табдил ёфт.
Муҳимтарин вазифаи Артиши миллӣ ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳадҳои кишвар мебошад. Давлате, ки артиши пуриқтидор дорад, метавонад тамомияти арзӣ, амният ва суботи худро таъмин намояд. Артиши миллӣ кафили амнияти дохилӣ ва хориҷии давлат аст. Дар шароити таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ — неруҳои мусаллаҳ дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ барои таъмини субот фаъолият мекунанд. Артиши миллӣ барои ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад.
Дар ҳолатҳои фавқулода ё таҳдид ба сохти давлатдорӣ, он ҳамчун сипари боэътимоди давлат амал мекунад. Мавҷудияти артиши қавӣ ба устувории давлат мусоидат менамояд. Давлате, ки иқтидори мудофиавии кофӣ дорад, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувортар касб мекунад ва метавонад манфиатҳои миллии худро ҳимоя намояд. Артиши миллӣ барои давлат рамзи истиқлолият, пояи амният ва кафили суботу оромӣ мебошад. Бе артиши пурқувват давлат наметавонад истиқлолияти худро пурра ҳифз намояд.
Аз ин рӯ, таҳким ва дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Имрӯз Артиши миллӣ рамзи истиқлолият, пояи суботи сиёсӣ ва кафили амнияти давлат мебошад. Бунёди он яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, нақши роҳбарияти олии давлат дар ин раванд саҳифаи муҳимми таърихи навини Тоҷикистонро ташкил дод.
Мирзозода Аъзам,
номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДБ ба номи Носири Хусрав
