Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои зебо ва пурмазмун дар ҷомеаи мо ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ин рӯз ҳамасола 8-уми март таҷлил карда мешавад ва ба гиромидошти зан-модар бахшида шудааст. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи ҳаёт ва чароғи хонадон мебошад. Ҳар як дастоварде, ки инсон дар зиндагӣ ба он мерасад, аз дуои неки модар ва тарбияи неки ӯ сарчашма мегирад.
Модар аввалин омӯзгори фарзанд аст. Кӯдак аввалин сухан, аввалин қадам ва аввалин дарси зиндагиро аз модар меомӯзад. Бо навозишу ғамхорӣ ва меҳрубонии худ модар дар қалби фарзанд ҳисси инсондӯстӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба дигаронро парвариш мекунад. Аз ин рӯ, эҳтироми модар эҳтироми зиндагӣ ва ояндаи миллат мебошад.
Дар фарҳанги тоҷикон мақоми модар хеле баланд аст. Адибону шоирони бузурги мо, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мирзо Турсунзода, дар ашъори худ модарро ҳамчун рамзи покӣ ва садоқат васф намудаанд. Онҳо меҳри модарро муқаддас шуморида, эҳтироми ӯро қарзи фарзанд донистаанд. Чуноне ки Мирзо Турсунзода дар “Модарнома” –и худ гуфтааст:
Модар, эй равшангари роҳи ҳаёт,
Қуввати дил, роҳнамои орзӯ.
Бо дуоят зиндаам дар ҳар нафас,
Аз ту бошад нуру меҳрам рӯ ба рӯ.
Қуввати дил, роҳнамои орзӯ.
Бо дуоят зиндаам дар ҳар нафас,
Аз ту бошад нуру меҳрам рӯ ба рӯ.
Модар на танҳо барои як оила, балки барои ҷомеа низ аҳамияти бузург дорад. Зан-модар бо тарбияи фарзандони солеҳ дар рушду пешрафти давлат саҳм мегузорад. Агар модар босавод, фарҳангӣ ва меҳнатдӯст бошад, фарзандони ӯ низ бо ҳамин рӯҳия ба воя мерасанд. Аз ин рӯ, ғамхорӣ нисбат ба модарон ва фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии онҳо вазифаи ҳар як ҷомеаи пешрафта мебошад.
Рӯзи Модар фурсатест, то мо ба модарони худ миннатдорӣ баён кунем. Дар ин рӯз фарзандон ба модарони худ гул тақдим намуда, суханони самимӣ мегӯянд ва барои заҳматҳои шабонарӯзии онҳо сипосгузорӣ мекунанд. Дар мактабҳо ва муассисаҳо чорабиниҳои идона баргузор мегарданд, ки дар онҳо нақши зан-модар ситоиш мешавад.
Аммо эҳтироми модар бояд танҳо ба як рӯз маҳдуд нашавад. Мо бояд ҳар рӯз ба қадри модар бирасем, сухани нек гӯем ва дар корҳои хона ба ӯ ёрӣ расонем. Зеро модар шахсест, ки бе ягон чашмдошт тамоми ҳастии худро барои фарзанд мебахшад.
Дар хотима метавон гуфт, ки Рӯзи Модар ҷашни меҳру садоқат, ҷашни ҳаёт ва ҷашни инсонгарӣ мебошад. Бигзор ҳамеша модарон сиҳату саломат бошанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намоянд.
Изатуллозода З.Р.
омӯзгори кафедраи ТИ ва МТИ
