Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-011-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи илмии Вализода Рузибой Сангимурод, унвонҷӯи кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Оид ба таҳқиқи як синфи системаҳои барзиёд муайяншудаи муодилаҳои дифференсиалии тартиби якум ва дуюм бо ду хати дохилии сингулярӣ» зери роҳбарии Шамсудинов Файзулло, доктори илмҳои физикаю математика, дотсент, и.в. профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо муваффақият дифо намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўи ихтисоси 6D060100 – Математика (6D060102-Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ) пешбинӣ мешавад.
