Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-018-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи доктории Аминзода Абдурраззоқ Худойшукур, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Ташаккул ва рушди ҳуқуқи оилавӣ дар таърихи ҳуқуқии халқи тоҷик”, зери мушовирии Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 5.5.1. Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат пешбинӣ мешавад.
