Шоми 9-уми апрели соли равон дар толори китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ аз ҷониби садорати факултети сиёсат ва идораи давлатӣ “Викторина”- и саволу ҷавоб баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Э. Набизода мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Ҷ. Мадвалиев, иҷрокунандаи декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, А. Саидов, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Баргузории чунин викторинаҳо дар тақвияти зеҳнӣ, малакаи ҳозирҷавобӣ ва баланд бардоштани маърифати донишазхудкунии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад. Иттилоъ доданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои зеҳнӣ тибқи нақша бо усули факултет бо факултет доир карда мешавад.
Ғолибони викторинаҳо аз ҷониби ҳайати комиссия муайян гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

