Китоб ганҷинаи илму дониш, сарчашмаи нуру рӯшноӣ ва ахлоқу адаби шоиста мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани нерӯи зеҳнӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии маънавӣ ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пайваста ба хониши китобҳои илмию адабӣ машғул мешаванд.
Бахусус, дар соли таҳсили равон омӯзгорону донишҷӯёни факултет ба китобхонаи донишгоҳ рафта, асарҳои илмию бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳоро мутолиа менамоянд.

