Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи байналмилалии кайҳоннавардон, ки ҳамасола 12 апрел таҷлил мегардад, дар факултети физика чорабинии илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Шабнишинии физикӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро Ҷ. Собиров, доктори илмҳои физика математика ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва нақши онҳо дар рушди тафаккури илмии ҷавонон ибрози андеша кард.
Дар идомаи суханронӣ Ҷ. Собиров бо маърӯзаи худ дар мавзуи «Аз таърихи парвози инсон ба кайҳон» баромад намуда, аз дастовардҳои муҳими инсоният дар самти кайҳоннавардӣ ёдовар шуд. Ҳамзамон, номзади илмҳои физика-математика Ф. Муродзода дар бораи аҳамияти омӯзиши кайҳон дар илми муосир суханронӣ кард.
Қисмати дигари чорабинӣ ба баррасии тадқиқотҳои кайҳонӣ ва усулҳои омӯзиши онҳо бахшида шуда, номзади илмҳои техникӣ Ш. Сафаров андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуд. Инчунин, донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси физика-информатика Саломова Зуҳро дар мавзуи «Фатҳи кайҳон» баромад карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастовардҳои нави илмӣ ҷалб намуд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди саволу ҷавобҳои викторина аз ҷониби омӯзгор Муҳаммадалӣ К. идома ёфта, иштирокчиён донишу ҷаҳонбинии худро санҷиданд. Ҳамчунин, намоиши видеоҳо бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон пешкаши ҳозирин гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба фаъолон ва иштирокчиёни беҳтарин ифтихорномаҳо супорида шуданд.

