-
Бахшида ба “Ҳафтаи илм”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин таъкид намуданд, ки бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расонида шуда, фаровонии бозори истеъмолии мамлакат таъмин карда шуд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони мамлакат сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид. Яъне кишоварзони мамлакат, хусусан, дар шароити номусоиди обу ҳавои соли ҷорӣ, аз ҷумла хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро бо маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ таъмин карда истодаанд.
Тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид.
Танҳо соли 2024 шумораи одамоне, ки дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарор доранд, ба 670 миллион нафар расид, ки ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи амнияти озуқаворӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам яке аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад. Афзоиши шумораи аҳолии гирифтори гуруснагӣ ба омилҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва ноустувории бозорҳои озуқаворӣ дар шароити имрӯз вобаста мебошад.
Бо дарназардошти чунин шароити ногувор кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум ба маблағи 84,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 – ум 9,5% бештар аст.
Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9% афзоиш ёфта, ба 56,6 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ ба 8,5% афзоиш ёфта ба 28,1 миллиард сомонӣ расида шуд.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда соли 2025 нисбат ба соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи намудҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ афзоишро нишон медиҳад. Аз ҷумла, истеҳсоли ангур аз 289,8 ҳазор тонна дар соли 2024 то ба 346,1 ҳазор тонна дар соли 2025 расонида шуда, афзоиши он тақрибан 19,4 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз беҳтар шудани агротехника ва истифодаи самараноки заминҳои боғдорӣ дар кишвар дарак медиҳад.
Ҳаммзамон ҳаҷми истеҳсоли мева низ дар ҳолати афзоишёбӣ қарор дошта, аз 822,7 ҳазор тонна дар соли 2024 то ба 954,3 ҳазор тонна дар соли 2025 расидааст, ки тақрибан 16 фоиз зиёд нисбати соли 2024 арзёби карда мешавад. Албатта ин раванд аз рушди соҳаи боғпарварӣ ва зиёд шудани ҳосилноки дар натифаи истифода аз технологияҳои муосир ва бунёд гардидани типҳои навӣ боғдорӣ дар кишвар далолат мекунад.
Натиҷаҳои рушди дар соҳаи чорводорӣ низ хуб ба назар расида истеҳсоли гӯшт аз 416,1 ҳазор тонна дар соли 2024 то 454,3 ҳазор тонна ё ба андозаи 9,2% нисбати соли 2024 зиёд гардидааст. Истеҳсоли шир аз 1177,3 ҳазор тонна дар соли 2024 то 1206,7 ҳазор тонна дар соли 2025 ё 2,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсоли картошка, сабзавот ва зироатҳои полезӣ низ дар ҳолати афзоиш ёфтанаст. Аз ҷумла, истеҳсоли сабзавот аз 3298,7 ҳазор тонна дар соли 2024 то ба 3377,9 ҳазор тонна дар соли 2025 расидааст, ки саҳми муҳим дар таъмини бозори дохилӣ дорад. Илова бар ин истеҳсоли картошка соли 2025 5,4% бештар гардида ба 1332,5 ҳазор тонна; истеҳсоли сабзавот 2,4% зиёд гардида, ба 3377,9 ҳазор тонна; зироатҳои полезӣ 9,6 банди фоиз зиёд шуда ба 1254,4 ҳазор тонна; истеҳсоли меваҷот 16% зиёд гардида, ба 954, 3 ҳазор тонна расонида шуд.
Дар самти истеҳсоли тухми паранда ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки дар соли 2025 истеҳсоли тухм ба 1419,3 миллион дона расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 ба андозаи 12,1 фоиз зиёд гардидааст. Ҳамчунин истеҳсоли гушти паранда 7,2 фоиз зиёд гардида, ба 50,8 ҳазор тонна расонида шуда, дар ин давра истеҳсоли пашм низ ба андозаи 4,8 фоиз зиёд гардида ба 9,5 ҳазор тона расонида шуд.
Маълумотҳои таҳлили нишон медиҳад, ки солҳои 1991–2025 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Агар соли 1991 ҳамагӣ 21 корхонаҳои парандапарварӣ дар кишвар фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2010 ин нишондиҳанда то 30 адад расонида шуд. Бо вуҷуди ин, аз соли 2010 то соли 2020 рушди босуръати соҳа мушоҳида гардида, дар соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 2010 151 адад зиёд аст. Албатта ин афзоиш натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва афзоиши талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти парандапарварӣ баҳисоб меравад[4].
Вобаста ба нишондиҳандаҳо дар соли 2025 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 232 адад расонида шуд, ки ин аз идомаи рушди соҳаи парандапарварӣ шаҳодат медиҳад. Афзоиши мунтазами корхонаҳои парандапарварӣ ба баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда, коҳиш додани вобастагӣ аз воридот ва ба таҳкими амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд. Маълумот дар бораи рушди саршумори паранда солҳои 1991 – 2025 дар диограмаи 2 оварда шудааст.
Рақамҳои пешниҳодгардидаи диаграма нишон медиҳад, ки солҳои 1991 – 2025 саршумори паранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устувор афзоиш ёфтааст. Агар соли 1991 саршумораи умумии паранда 6 млн 586,4 ҳазор сарро ташкил дода бошад пас ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 4 млн 403 ҳазор сар коҳиш ёфта. Ин ҳолат асосан ба таъсири мушкилоти иқтисодии давраи гузариш ва коҳиши фаъолияти корхонаҳои парандапарварӣ дар кишвар вобастагии калон дошт.
Албатта бо беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз соли 2010 то соли 2020 афзоиши босуръати саршумори паранда мушоҳида гардида, дар соли 2020 шумораи паранда ба 9 млн 753,2 ҳазор сар расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки бо татбиқи барномаҳои давлати ва дастгириҳои ҳукумати кишвар дар соли 2025 саршумори паранда ба 13 млн 077,7 ҳазор сар баробар гардида, баландтарин нишондиҳанда дар давраи таҳлилшаванда ба ҳисоб меравад. Ин раванд аз рушди устувори соҳаи парандапарварӣ, зиёд шудани шумораи корхонаҳо ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти парандапарварӣ шаҳодат медиҳад. Истеҳсоли гушти паранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Рақамҳои пешниҳодгардида нишон медиҳад, ки истеҳсоли гушти паранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1991 – 2025 тағйирёбии назаррасро аз сар гузаронидааст. Агар соли 1991 ҳаҷми истеҳсоли гушти паранда дар мамлакат 17 тонна – ро ташкил дода бошад, ки сатҳи нисбатан қаноатбахши рушди истеҳсоли гушти соҳаи парандапарвариро дар он давра инъикос менамуд, пас дар соли 2010 истеҳсоли гушти паранда то 2 тонна коҳиш ёфт, ки ин ҳолат ба мушкилотҳои иқтисодии давраи гузариш, коҳиши шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ва маҳдуд гардидани захираҳои истеҳсолӣ рост меоомад.
Албатта сар аз соли 2010 то соли 2020 бо беҳтар гардидани шароити иқтисодӣ ва ҷоннок гардидани фаъолияти соҳаи парандапарварӣ, ҳаҷми истеҳсоли гушти паранда ба 30,6 тонна расонида шуд, ки ин афзоиш аз эҳёи соҳаи парандапарварӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар кишвар дарак медиҳад.
Мусалламаст, ки соли 2025 истеҳсоли гушти паранда ба 50,8 тонна баробар гардид, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар давраи таҳлилшаванда ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мо рушди ин соҳа натиҷаи афзоиши шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, зиёд гардидани саршумори паранда, истифодаи самаранокӣ технологияҳои муосири соҳавӣ, ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва дастгирии пайвастаи давлатӣ дар самти соҳаи парандапарварӣ дар мамлакат баҳисоб меравад.
Тавре, ки маълум аст, истеҳсоли тухи паранда яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Таҳлили нишондиҳандаҳо дар давраи солҳои 1991–2025 нишон медиҳад, ки ин соҳа марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар намудааст.
Агар соли 1991 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ 458,3 миллион дона тух истеҳсол гардида бошад, пас нишондиҳандаи мазкур дар соли 2010 ба 281,9 миллион дона расонида шуд, ки нисбати соли 1991 176,4 миллион дона ё тақрибан 38,5 фоиз кам мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 2010 сар карда, дар соҳаи парандапарварӣ тағйироти мусбат ба амал омад, ки бевосита ба рушди соҳаи мазкур дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, бо дастгирии давлатӣ таъсиси корхонаҳои нави парандапарварӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ истеҳсол тухм босуръат афзоиш ёфта, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли тухм ба 983,1 миллион дона баробар гардид, ки нисбат ба соли 2010 248 фоиз зиёд мебошад.
Рушди соҳаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухм дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, соли 2025 истеҳсоли тух ба 1 миллиарду 419,3 миллион дона расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 44,4 фоиз ва нисбат ба соли 1991 беш аз 209 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар соли 2025 истеҳсол нисбат ба соли 1991 тақрибан 3,1 маротиба афзудааст, ки ин аз суръати рушди истеҳсоли тухм дар кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тавр, таҳлили анҷом додаи мо нишон медиҳад, ки баъди давраи коҳишёбӣ дар солҳои 1991–2010, соҳаи парандапарварӣ аз ҷумла, истеҳсоли тух дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардида, ба яке аз самтҳои муҳимми таъмини амнияти озуқавории кишвар табдил ёфтааст.
Таҳлили маълумотҳо нишон медиҳад, ки соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2024 – 2025 бо тамоюли устувори рушд инкишоф ёфта истодааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ барои таҳкими амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои кишоварзони кишвар дар соли 2025 яке аз муҳимтарин зироатҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли пахта ба 392,2 ҳазор тонна расида, иҷрои дурнамои он нисбат ба соли 2024 – ум 139,5 ҳазор тонна зиёд ва ба 100,6% баробар гардид. Пахта на танҳо ҳамчун маҳсулоти кишоварзӣ, балки ҳамчун ашёи хоми стратегӣ барои иқтисоди миллӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад.
Хулоса: ба андешаи мо таҳлили рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин соҳа яке аз самтҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан афзоиш ёфта, саҳми он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ назаррас мебошад.
Натиҷаҳои таҳлил гувоҳӣ медиҳанд, ки самаранокии истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ вобаста ба истифодаи захираҳои замин, меҳнат ва техникаи кишоварзӣ тағйирёбанда мебошад. Ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамзамон зарур аст, ки барномаҳои давлатӣ дар амал татбиқ гардида, ҷорӣ намудани усулҳои навини агротехникӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори кишоварзӣ метавонанд ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсол ва самаранокии соҳа мусоидат намоянд. Дар маҷмӯъ рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Наимзода Бекмурод
дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав
