Тавре маълумот дода будем як гурӯҳ омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иборат аз 5 нафар ҷиҳати амалӣ намудани барномаи табодули академӣ ва татбиқи созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи давлатии педагогиии Алтайи Федератсияи Россия сафарбар гардиданд, ки сафари омӯзгорон аз санаи 12 апрел оғоз гардида то 24 апрели соли равон идома меёбад.
Имрӯз омӯзгоронро дар Донишгоҳи давлатии педагогиии Алтайи Федератсияи Россия ректори донишгоҳ Лазаренко Ирина доктори илмҳои педагогӣ, ба ҳузури худ пазируфта доир ба барномаи табодули таҷриба ҳамсӯҳбат гардид.
Дар ин ҷараён тӯҳфа аз номи коллективи омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав ба Лазаренко Ирина супорида шуд. Баъдан тибқи барномаи пешбинишуда, омӯзгорон вобаста ба ихтисос тақсимот гардида ба факултетҳо сафарбар шуданд.

