Имрӯз, 14-уми апрели соли 2026 зери роҳбарии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав як гурӯҳ устодон дар Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд” ки бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар ин Форум табодулу таҷриба ва роҳҳои самарабахши равобити илмӣ, такмилу татбиқи назарияҳои илмӣ дар амлияи фаъолияти гуногунҷабҳаи илмӣ дар мақсад мебошад.
Форуми мазкур аз 14 то 18 апрел давом мекунад ва доираи он даҳҳо чорабиниҳои илмиву маънавӣ ва фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

