-Зери ин унвон имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои мубрами марбут ба рушди иқтисоди миллӣ дар шароити рақамисозӣ ва истифодаи технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баромадҳо зикр гардид, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ ва густариши хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, ба нақши зеҳни ҳушманд дар такмили идоракунии давлатӣ, оптимизатсияи равандҳои гумрукӣ ва таҳлили додаҳои калон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ метавонад рақобатпазирии иқтисоди миллиро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Дар анҷоми мизи мудаввар хулоса карда шуд, ки рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи зеҳни ҳушманд ва дастгирии инноватсияҳо заминаи боэътимоди пешрафти устувори иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва амалии соҳа дар ин самт аҳамияти калидӣ дорад.

