Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-048- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи диссертатсияи Ҳакимов Абдуламин Маҳмадаминович, унвонҷӯи кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Методикаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими омӯзгорони ояндаи фанни информатика», зери роҳбарии Гулова Маърифат, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва шабакаҳои алоқаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10. Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табии-риёзӣ) (5.3.10.3. Назария ва технологияи таълими информатика) пешбинӣ мешавад.
