Дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст мизи мудавварро декани факултети педагогика ва варзиш, дотсент Хуҷазода Умед Шароф ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии футбол” табрик намуд. Мавсуф зимни суханронии ифтитоҳии худ аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол ёдовар шуда, нақши ин намуди варзишро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидсозии ҷавонон муҳим арзёбӣ кард.
Дар ин баробар Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ андешаронӣ намуд. Сипас омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Худойназаров Шавкат Одилҷонович дар мавзуи «Дастовардҳои футболбозони Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» маърӯза намуда, аз пешрафт ва муваффақиятҳои футболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки солҳои охир футболи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда, варзишгарони кишвар бо ҳунару маҳорати баланд парчами Тоҷикистонро дар арсаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, номзади илмҳои педагогӣ Маҷидзода Усмон Ҳомид дар мавзуи «Бозии футбол пайвандгари миллатҳо» суханронӣ намуда, футболро ҳамчун воситаи муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву варзишӣ арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки футбол имрӯз ба яке аз варзишҳои сермухлис дар ҷаҳон табдил ёфта, дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва таҳкими ваҳдат нақши муҳим дорад.
Дар идомаи чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва баромадҳои озод сурат гирифта, доир ба рушди футбол, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим андешаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати варзишии ҷавонон ва рушди футбол муҳим арзёбӣ намуданд.

