Омӯзиши афзалиятҳои таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар чорчӯбаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мубрамтарин баҳсҳои илмии кишвар мебошад. Ин аҳаммияти илмӣ аз чанд ҷиҳат асоснок мегардад.
Аввалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои иқтисодиёти кушодаи рӯ ба инкишоф бо баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти миллӣ талош меварзад. Таҷрибаи ду даҳсолаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ нишон медиҳад, ки дар шароити давлатии иқтисодиёти озод инъикоси навъи миллии иникшофи низоми иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мегардад. Дуюм, Паёмҳои солонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи сиёсиву иқтисодии давлат арзиши муҳимми таҳлилнамоии илмӣ ва академии баланд доранд. Он зиёда аз 30 Паём, аз оғози давраи истиқлолият то имрӯз иборат буда, ин ҳуҷҷатҳо дар баробари мубоҳисаи вазъи иқтисодиёти миллӣ, масири рушди бахшҳои гуногун ва таъмини некӯаҳволии аҳолиро муайян мекунанд. Паёмҳои Пешвои миллат ба Парлумон барнома, роҳнамо ва замонати амалӣ гардидани стратегияи давлат мебошанд. Сеюм, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ, таҳлили мукаммали Паёмҳо имкон медиҳад, ки таҳаввули стратегиро аз марҳилаи «наҷот ва барқарорӣ» ба марҳилаи «рушди пайдарпай ва аз он ба марҳилаи рушди устувор ва «саноатикунонии босуръат» (2015–2025) пайгирӣ намоем. Ин тавсифи марҳалаҳо барои дарки чигунагии ташаккули сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ аҳаммияти муҳимми илмӣ доранд.
Қисмати асосӣ. Мафҳуми «сиёсати иқтисодӣ» дар адабиёти илмии ҷаҳонӣ аз мавқеъҳои мухталиф таҳлил шудааст. Ҷ.М. Кейнс дар асари бунёдии худ «Назарияи умумии шуғл, дарсад ва пул» (1936) назарияи иқтисодиёти бозоргониро ҷонибдорӣ накарда, танзими давлатиро ҳамчун зарурати ҳатмӣ асоснок кард. Чунин тарзи муносибат ба хотири танзими самаранок ва ташхиси стратегии роҳи рушди иқтисоди давлат ба ҳисоб меравад.
П.Самуэлсон ва В. Нордхаус дар китоби машҳури «Иқтисодиёт» сиёсати иқтисодиро ҳамчун маҷмӯи воситаҳои таъсиррасонӣ ва танзимнамоии иқтисодиву молиявӣ, савдои берунӣ ва даромадҳо тавсиф мекунанд, ки давлат онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои муайяни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода мебарад.
Дар адабиёти иқтисодии пасошӯравӣ «сиёсати иқтисодӣ» бо мустақилияти иқтисодӣ ва гузариш аз иқтисодиёти марказонидашуда ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва иқтисодиёти озод пайванди ногусастанӣ дорад. Академики АМИТ Н.К. Каюмов сиёсати иқтисодиро ҳамчун «самти муҳимми амалияи давлат дар муайян кардани хислат, самт ва мазмуни иқтисодиёт» маънидод мекунад ва таъкид мегузорад, ки дар шароити мамлакати дорои захираҳои табиии бой, давлат бояд нақши муайянкунандаи стратегиро дошта бошад.
Таҳлили ин назария нишон медиҳад, ки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар нуқтаи бархӯрди ду равиши бунёдӣ қарор мегирад. Аввал, тарҳе, ки тавассути сармоягузории давлат ва дуюм тарҳе, ки тавассути ислоҳоти бахши хусусии иқтисоди миллӣ рушд дода мешавад.
Ҷанбаи аз ҳама муҳим ин аст, то дар доираҳои илмӣ бояд баррасӣ ва дарк карда шавад, ки таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи муқарраротти конститутсионӣ пешниҳод ва асоснок карда мешаванд. Заминаи конститутсионии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон аз моддаҳои 12 ва 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Моддаи 12 эълон медорад, ки «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».
Дар сатҳи стратегӣ, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (СМР-2030), ки бо қарори Маҷлиси намояндагон аз 1 декабри 2016, № 636 тасдиқ шудааст, чаҳорчӯбаи аслии сиёсати иқтисодии мамлакатро дар самти дурнамои рушд муайян мекунад.
СМР-2030 ба принсипҳои сегонаи «пешгирикунанда», «саноатикунонӣ» ва «инноватсионӣ» – и иқтисодиёти миллӣ асос ёфта, се марҳилаи татбиқро дарбар мегирад: гузариш ба тарҳи нав (2016–2020), рушди босуръати иқтисодӣ (2021–2025), ба итмом расонидани саноатикунонӣ.
Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии соҳавӣ — Қонуни ҶТ «Дар бораи сармоягузорӣ» (12 майи 2007, № 260 бо тағйиру иловаҳо), Қонуни ҶТ «Дар бораи сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» (14 майи 2025, № 2173), Кодекси андоз, Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» — базаи ҳуқуқии татбиқи сиёсати иқтисодиро ташкил медиҳанд [4]. Илова бар ин, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди солҳои 2016–2020, 2021–2025 ва 2026–2030 ҳамчун ҳуҷҷатҳои иҷроиши мушаххаскунандаи СМР-2030 нақши калидӣ доранд.
Таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар Паёмҳои Пешвои миллат масъалаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Паёмҳои солонаи Президент ба Маҷлиси Олӣ санади мустақими барномасозии иқтисодии давлат мебошанд. Аз ибтидо то соли ҷорӣ яке аз нуктаҳои муҳимми афазалиятддоштаи Пайёмҳои Пешвои миллатро таваҷҷуҳ ба масъалаи рушди иқтисодӣ миллӣ ташкил медиҳад. Аммо дар давоми солҳои 2018–2025 ин ҳуҷҷатҳо тағйироти куллии амалияи ва технологияи сиёсати иқтисодиро нишон медиҳанд.
Дар Паёми соли 2018, ки меҳвари як нуқтаи бунёдгароёнаи стратегӣ шинохта мешавад, Президент, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чор ҳадафи стратегиеро, ки дар давоми 10 соли минбаъда ба сутуни сиёсати иқтисодии кишвар табдил ёфтанд, мушаххас карда расман эълон намуд. Тибқи матни Паём: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ ба саноатӣ амалӣ гардонида истодаем».
Паёми 26 декабри 2019 – «Рушди маҷмуъи маҳсулоти дохила (ММД) ва таъсиси барномаи содирот». Паёми соли 2019 натиҷаҳои фаслии аввали барномаи рушди иқтисодӣ ва ҳадафҳои навро муайян кард. Тибқи матни Паём: «Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт». Ҳамзамон, ҳаҷми умумии даромади буҷет тақрибан ду баробар, аз 12 миллиард сомонӣ (2013) ба 23 миллиард сомонӣ, афзоиш ёфт. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута барои тайёр кардани барномаи рушди содирот барои солҳои 2021–2025 вазифадор карда шуданд.
Дар Паёми соли 2022 сиёсати иқтисодии кишвар тавассути иловакунии ҳадафи чоруми стратегӣ, «саноатикунонии босуръат», тавсеа ёфт. Дар ин Паём бори аввал мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» ба унвони самти асосии нав дохил карда шуд. Президент таъкид намуд: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад».
Паёми соли 2023 дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир эълон шуд. Бо вуҷуди ин, Президент ба итминон зикр кард: «Соли 2023 барои Тоҷикистон боз як соли бобарор гардида маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 дарсад зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд». Он ҳамчунин муҳимтарин нишондиҳандаи рушди бахши соҳибкориро ошкор сохт. Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.
Дар Паёми соли 2024 Президент ба масъалаи иҷтимоии некӯаҳволӣ диққати махсус зоҳир намуд. Афзоиши музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таълими умумӣ 30%, дигар соҳаҳои буҷетӣ 20%, ва нафақа 10% аз 1 сентябри 2025 эълон шуд. Ҳадафи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар соли 2027 низ тасдиқ карда шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ҳамчун пояи асосии рушди устувори миллӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди кишвар дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии ҷаҳонӣ муайян гардиданд. Таҳлилҳои пешниҳодшуда нишон медиҳад, ки дар даҳ соли охир иқтисоди миллии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди сохторӣ ва макроиқтисодиро тай намудааст. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати миёнаи рушди иқтисодӣ 7,6 дарсадро ташкил намудааст. Барои татбиқи стратегияҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 то 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расида, сатҳи камбизоатӣ то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аз самаранокии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини суботи макроиқтисодӣ, рушди бозори дохилӣ, тавсеаи имкониятҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ шаҳодат медиҳанд. Дар Паём махсус таъкид гардидааст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми ММД бояд ду баробар афзоиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 дарсад расонида шавад, ки ин ҳадафҳо ташаккули модели нави рушди иҷтимоӣ ва иқтисоди ба истеҳсолот ва навоварӣ асосёфтаро инъикос менамоянд. Яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иқтисодии муосири Тоҷикистон, ки дар Паём ба таври мушаххас таъкид шудааст, рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро ҳамчун омили стратегии баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ ва таҳкими шаффофияти молиявию иқтисодӣ арзёбӣ намуданд. Дар ин замина, ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ дар бахши энергетика ҳамчун намунаи муваффақи рақамикунонии идоракунӣ муаррифӣ гардида, нишон дода шуд, ки баъд аз татбиқи ин низом сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба 100 дарсад расидааст. Танҳо дар шаҳри Душанбе талафоти нерӯи барқ дар 11 моҳи соли 2025 то 13 дарсад коҳиш ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳафт дарсад кам гардидааст. Дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад, талафоти нерӯи барқ 500 миллион киловат-соат коҳиш ёфта, ба низоми энергетикӣ зиёда аз якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид шудааст. Дар Паём инчунин зарурати таҳияи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», рушди инфрасохтори интернети баландсуръат, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ва ташкили Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ таъкид гардидааст. Ин тадбирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат рақамикунонии иқтисод ва идоракуниро ҳамчун шарти муҳими мутобиқшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонии рақамӣ ва ташаккули иқтисоди донишбунёд арзёбӣ менамояд.
Дар Паёми мазкур ҳамзамон масъалаҳои саноатикунонии босуръат, таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди иқтисоди «сабз» ҳамчун афзалиятҳои стратегии сиёсати иқтисодии мамлакат муайян шудаанд. Дар ҳафт соли охир дар кишвар зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуда, танҳо дар соли 2025 фаъолияти 400 корхонаи нави истеҳсолӣ оғоз гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди соҳа 22 дарсадро ташкил додааст. Дар баробари ин, ба бахши энергетика дар даҳ соли охир зиёда аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ гардида, иқтидорҳои истеҳсолии нерӯи барқ беш аз 1017 мегават афзоиш ёфтаанд. Истеҳсоли нерӯи барқ аз 17,2 миллиард киловат-соати соли 2015 то 24,2 миллиард киловат-соат дар соли 2025 расонида шудааст. Дар Паём махсус таъкид мегардад, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми НБО «Роғун» ба истифода дода шуда, истиқлоли энергетикии кишвар таъмин хоҳад гардид. Ҳамзамон, сохтмони неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегават ва ташкили марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата-сентрҳо) Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешсаф дар самти иқтисоди «сабз» ва энергетикаи тоза дар минтақа табдил дода метавонад.
Бо ҳамин тартиб, таҳлили муҳтавои Паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули модели нави рушди миллӣ, ки ба саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ асос ёфтааст, равона гардидааст.
Паёми соли 2025 муфассалтарин ва пуршортарин дар самти иқтисодӣ дар 10 соли охир мебошад. Дар ин Паём эълон карда шуд, ки «Дар натиҷа ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфт, суръати рушди иқтисодиёти миллӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7,6%-ро ташкил кард». ММД ба ҳар нафар аз 6 ҳазор сомонӣ (соли 2015) ба 16,1 ҳазор сомонӣ (соли 2025)-2,7 баробар – афзоиш ёфт. Дар давраи саноатикунонии босуръат (2019–2025) беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо 87 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷиҳати камбизоатӣ: «сатҳи камбизоатӣ ба 19% паст шуд. Даромадҳои пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 ба 165 миллиард сомонии соли 2025 расид, яъне 6 баробар афзоиш ёфт». Истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва сурб 9 баробар афзоиш ёфт. Соли 2025 ҳаҷми буҷет 50 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2021 65% зиёд аст. Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ мекунад, ки ММД 2 баробар, сатҳи камбизоатӣ то 10% коҳиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёна то 50% расад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои муқоисавии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010–2025 нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ дар давоми понздаҳ соли охир марҳилаи нави таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва рушди устуворро паси сар намудааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 24,7 миллиард сомонӣ дар соли 2010 то беш аз 130 миллиард сомонӣ дар соли 2023 афзоиш ёфта, тибқи дурнамои давлатӣ дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ мерасад. Ин тамоюл аз густариши иқтидори истеҳсолӣ, баланд гардидани фаъолнокии иқтисодӣ ва таҳкими заминаҳои молиявии давлат шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, суръати рушди воқеии ММД дар сатҳи нисбатан устувор нигоҳ дошта шуда, аз 6,5 дарсад дар соли 2010 то 8,4 дарсади пешбинишуда дар соли 2025 боло меравад, ки нишондиҳандаи мусбати мутобиқшавии иқтисоди миллӣ ба таҳдидҳои беруна ва тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, нишондиҳандаи ММД ба ҳар нафар аҳолӣ низ тамоюли афзоиши пайвастаро касб намуда, аз 3 ҳазору 200 сомонӣ дар соли 2010 то 16 ҳазору 100 сомонӣ дар дурнамои соли 2025 мерасад. Ин раванд ба тадриҷ ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши имкониятҳои иҷтимоӣ ва болоравии қобилияти харидории шаҳрвандон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аз 56 дарсад то 19 дарсад яке аз натиҷаҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат арзёбӣ гардида, аз самаранокии барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазир шаҳодат медиҳад.
Рушди муҳити соҳибкорӣ низ ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми таҳкими иқтисоди бозорӣ ба назар мерасад. Агар дар соли 2015 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ тақрибан 40 ҳазорро ташкил дода бошанд, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 350 ҳазор расида, дар соли 2025 ин нишондиҳанда 370 ҳазор зиёд шуд. Ин ҳолат аз беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, густариши бахши хусусӣ ва болоравии фаъолнокии соҳибкории миллӣ дарак медиҳад. Дар баробари ин, афзоиши ҳаҷми захираҳои асъории давлатӣ аз 0,5 миллиард доллар дар соли 2015 то 5,6 миллиард доллар дар соли 2025 нишон медиҳад, ки низоми молиявии кишвар тадриҷан устувортар гардида, имкониятҳои давлат дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва муқовимат ба буҳронҳои эҳтимолии ҷаҳонӣ таҳким ёфта истодаанд.
Хулоса, таҳлили афзалиятҳои таҳкими сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёмҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки дар давоми солҳои 2014–2025 иқтисодиёти миллӣ ба тарзи назаррас тағйир ёфтааст. Дастовардҳои асосӣ — коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз 56% (2010) то 19% (2025), рушди устувори 8,4%-ии ММД, ба истифода додани 2600+ корхонаи нав, 6-баробар афзоиши даромади аҳолӣ ва 5,6-миллиард-долларии захираҳои арзӣ — ҳамчун тасдиқи самаранокии стратегияи интихобгардида арзёбӣ мешаванд.
Дар баробари ин, таҳқиқ нишон медиҳад, ки барои таҳкими бештари сиёсати иқтисодӣ зарур аст: якум, вобастагии иқтисод аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон тавассути таъсиси ҷойҳои кории дохилӣ, омӯзиши касбӣ ва афзоиши маҳсулнокӣ коҳиш дода шавад; дуюм, ислоҳоти куллии корхонаҳои давлатии зиёнбахш амалӣ карда шавад; сеюм, рақамигардонии идоракунии давлатӣ, андозситонӣ ва хидматрасонӣ суръат бигирад; чаҳорум, баланд бардоштани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии соҳаи истеҳсолӣ дар содироти умумӣ ба унвони ҳадафи аввалиндараҷаи политикаи саноатӣ ва тиҷоратии кишвар эълон карда шавад.
Хулоса Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун воситаи коммуникатсия байни давлат ва шаҳрвандон, ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ ва меъёри ҳисоби ниҳодҳои давлатӣ буда, дар системаи идоракунии давлатӣ нақши хос доранд.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав