Дар таърихи ҳар як миллат воқеаҳое вуҷуд доранд, ки тақдири имрӯзу фардои онро муайян месозанд. Барои халқи тоҷик чунин рӯйдоди сарнавиштсоз ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, заминаи устувори рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фароҳам овард.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, кишвари тозаистиқлол ба мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Мутаассифона, ихтилофҳои сиёсӣ ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфта, солҳои 1992–1997 Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Дар натиҷаи ин фоҷиа зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз як миллион шаҳрванд гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ гардиданд.
Дар чунин шароити ниҳоят вазнин 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маҳз аз ҳамин рӯз марҳилаи нави давлатсозӣ ва сулҳофарӣ оғоз гардид.
Дар суханронии нахустини худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд:
«Ман ба шумо сулҳ меоварам».
Ин суханон ба барномаи амал ва рисолати сиёсии Пешвои миллат табдил ёфтанд. Аз рӯзҳои аввал роҳбарияти нави давлат тамоми неру ва имкониятҳоро барои қатъи ҷанг, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва оғози музокироти сулҳ равона намуд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими давлатдорӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 буд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз асосҳои ҳуқуқии давлатдории навини тоҷиконро муайян намуда, барои таҳкими сулҳу субот замина гузошт.
Музокироти байни тоҷикон бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1994 оғоз гардида, дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Алмаато, Бишкек ва Ашқобод идома ёфтанд. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ва ҷонибдори сулҳ басо муҳим буд.
Натиҷаи талошҳои пайваста ва музокироти тӯлонӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва гардид. Ин ҳуҷҷати таърихӣ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистонро таъмин намуд.
Баъди имзои Созишномаи сулҳ, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раванди баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан оғоз гардид. Дар муддати кӯтоҳ садҳо ҳазор шаҳрванд ба Тоҷикистон баргашта, дар ободонии кишвар саҳм гузоштанд. Яке аз дастовардҳои муҳим он буд, ки роҳбарияти давлат миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарда, сиёсати оштии миллӣ ва таҳаммулпазириро пеш гирифт.
Марҳилаи муҳими татбиқи Созишномаи сулҳ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, интихоботи президентӣ 6 ноябри соли 1999 ва интихоботи парлумонӣ 27 феврали соли 2000 буд. Ин чорабиниҳо анҷоми расмии раванди сулҳ ва барқароршавии сохти конститутсиониро таъмин намуданд.
Бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист иқтисодиёти худро барқарор намояд, инфрасохтори харобгардидаро аз нав созад ва дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовор пайдо кунад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Аз ҳамин лиҳоз, таҷлили ҳамасола 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо ёдоварӣ аз як санаи таърихӣ, балки арҷгузорӣ ба фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ин рӯз рамзи пирӯзии хирад бар низоъ, сулҳ бар ҷанг ва ваҳдат бар парокандагӣ мебошад.
Таҳлили воқеаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, ҳифзи давлатдории миллӣ ва муттаҳид сохтани миллати тоҷик ниҳоят бузург ва тақдирсоз аст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати сиёсӣ Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ раҳо ёфта, ба роҳи рушду пешрафт қадам гузошт.
Ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба сабақҳои таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон ва донишҷӯён мебошад.
Ҷаборов Диловар,
мудири кафедра ҳуқуқ ва идораи давлатии ДДБ
