Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва нақши арзишҳои миллӣ дар рушди ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Конференсияро ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, маҳз ба шарофати он заминаҳои устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фароҳам гардиданд. Зикр шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдураҳимзода Қудратулло Саид дар мавзуи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, саҳми таърихии Пешвои миллатро дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон мавриди таҳлил қарор дод.
Дар идомаи конференсия дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Холиқов Сафар Сайфиддинович дар мавзуи «Тараннуми сулҳу ваҳдат дар “Маснавӣ-маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» суханронӣ намуда, ҷойгоҳ ва аҳамияти ғояҳои инсонпарварона, сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари осори Мавлоноро шарҳ дод.
Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ Шарифзода Шарифхон Хол дар мавзуи «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» маърӯза намуда, таъкид кард, ки забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва омили муттаҳидсозандаи ҷомеа дар таҳкими ваҳдат ва рушди худшиносии миллӣ нақши калидӣ дорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таълиму тарбияи ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин чорабиниҳои илмиро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ватандӯстии ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.
Конференсия дар фазои илмӣ ва созанда ҷараён гирифта, бори дигар собит намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои миллат ва заминаи устувори пешрафти давлат дар меҳвари сиёсати созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
