Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – пояи устувори давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултет, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва кормандони факултет иштирок намуда, доир ба аҳамияти таърихӣ ва нақши сарнавиштсози Ваҳдати миллӣ дар рушди давлату ҷомеа ибрози назар карданд.
Мизи мудавварро декани факултет П. Ятимов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, заминаи сулҳу субот, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди илму маорифи кишварро фароҳам овардааст.
Сипас мудири кафедраи биологияи умумӣ, номзади илмҳои педагогӣ Т. Назаров дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – омили асосии рушди давлат» маърӯза намуда, нақши сулҳу ваҳдатро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шарҳ дод.
Дар идомаи ҳамоиш мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, номзади илмҳои химия Д. Давлатов дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» суханронӣ карда, масъулияти насли ҷавонро дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар бахши музокира мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, номзади илмҳои химия С. Ғафорзода ва мудири кафедраи экологияи умумӣ, номзади илмҳои биология Д. Давлатова баромад намуда, андешаҳои худро оид ба арзиши сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди устувори кишвар баён карданд.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ барои мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон ба сӯи пешрафт ва ободонӣ қадамҳои устувор гузорад. Таъкид гардид, ки ҳифз ва таҳкими ин дастоварди муқаддас вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён бори дигар аҳамияти сулҳу ваҳдатро дар рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ изҳор доштанд.
