
Ҳамасола 27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо эҳтиром ва ифтихори бузург таҷлил мегардад. Ин сана яке аз муҳимтарин рӯзҳои таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон мебошад. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки сулҳу оромӣ бо чӣ қадар заҳмат, сабр ва фидокорӣ ба даст омадааст.
Солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ барои Тоҷикистон давраи санҷиши сахти таърихӣ буданд. Хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба кишвар расид. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, ҳазорҳо оила пароканда шуданд ва ҷомеа ба мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гардид.
Аммо иродаи мардум, хиради сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат боис гардид, ки сулҳу субот барқарор шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ ва муттаҳид сохтани миллат нақши таърихӣ гузоштанд.
Созишномаи сулҳи тоҷикон на танҳо як санади сиёсӣ, балки оғози эҳёи давлат, рушди иқтисод, пешрафти маориф ва таҳкими пояҳои истиқлолият гардид. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон заминаи асосии пешрафт ва ободонӣ шуд.
Бузургон гуфтаанд: «Сулҳ беҳтарин неъмат ва ваҳдат бузургтарин сарват аст». Воқеан ҳам, миллате, ки ваҳдат дорад, метавонад ҳама мушкилотро паси сар намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузорад.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, ҳифзи ин дастоварди муқаддас мебошад. Ваҳдати миллӣ танҳо як ҷашн нест, балки масъулияти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа аст.
Дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва мактабҳо тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти калон дорад. Омӯзгорон дар ин раванд нақши муҳим мебозанд, зеро маҳз онҳо метавонанд ғояи ваҳдатро дар шуури насли нав устувор намоянд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда дорад. Ин ҳама самараи ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва меҳнати созандаи мардум мебошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро ба шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва масъулияти баланд барои ҳифзи он даъват мекунад. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлат аз ваҳдати мардум оғоз меёбад.
Бадриддин Мудинов,
мутахассиси шуъбаи тарбияи ДДБ
