
Бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036».
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, мураккабшавии муносибатҳои геополитикӣ ва пайдоиши таҳдидҳои нави глобалӣ, масъалаи ҳифзу таҳкими сулҳ ва суботи иҷтимоӣ аҳамияти ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036» гувоҳи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳарвақта ба эҷоди муҳити бехатар ва созанда барои наслҳои оянда ниёз дорад.
Рушди устувори ҷомеа бе мавҷудияти сулҳи пойдор ғайриимкон аст. Сулҳ заминаи аввалиндараҷаест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва тандурустиро кафолат медиҳад.
Вақте ки дар ҷомеа суботи сиёсию иҷтимоӣ ҳукмфармост, давлат ва шаҳрвандон имкон пайдо мекунанд, ки сарватҳои моддӣ ва маънавиро на барои мудофиа ё рафъи оқибатҳои низоъҳо, балки барои рушди инфрасохтор, сифати таҳсилот, технологияҳои инноватсионӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум равона созанд. Сулҳ устувории институтҳои иҷтимоиро таъмин намуда, боварии шаҳрвандонро ба фардои худ ва давлати худ мустаҳкам мегардонад.
Эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аз муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тақозо мекунад, ки ба масъалаи тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Мансур Нуралиев, н.и.п, дотсенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
