
Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
Бознаш аз АМИТ «Ховар». Маҳз ваҳдату ягонагӣ замина фароҳам овард, ки мамлакат аз вартаи ҳалокат раҳо шуда, ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид. Агар замоне шаҳрвандони хориҷӣ ба далели вазъи амниятӣ аз сафар ба ҷумҳурии мо худдорӣ мекарданд, кунун онро дар минтақа мамлакати амнтарин барои сайру саёҳат медонанд ва ҳар сол сайёҳони зиёд ташриф меоранд. Агар дар гузашта бозтоби ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар расонаҳо Тоҷикистонро дар чашми мардуми олам як давлати ҷангзада муаррифӣ мекард, имрӯз ба ҷойгоҳи баланди он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор эҳтиром мегузоранд. Ин ҳама дастовард ҳосили талошҳои судманду боровари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳифзи онҳо вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.
— Талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд, дарахти пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати бузург ба сабзиш овард.
Ҳосили талошҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт.
Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, дар симои Сарвари давлати Тоҷикистон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро эътирофу арҷгузорӣ намуданд.
Нақши шахсиятҳоро таърих дар рушду нумуи мамлакатҳо ва ба дӯш гирифтани масъулияти давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз ба ҳеҷ ваҷҳ инкор намекунад.
Халқи тоҷик дар тӯли таърих нишебиҳои гуногунеро паси сар кардааст ва дар лаҳзаҳои сарнавиштсози он фарзандоне буданд, ки инони ихтиёр ва масъулиятро бар дӯш гирифта, миллату давлатро таври шоиста ҳифз карданд. Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Яъқуб ибни Лайси саффорӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигарро ном бурдан мумкин аст, ки дар таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи мо бо фаъолияти арзишманди худ, ҳифзи давлату миллат ва таъмини сулҳу субот саҳми бениҳоят бориз доранд.
Дар таърихи навин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дастовардҳои давоми беш аз сӣ соли охири давлатдории тоҷикон маҳз ба фаъолият ва кору пайкори ин абармарди таърихӣ алоқаманд аст. Вақте мо ба таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон назар менамоем, дарк мекунем, ки таърих дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсози миллатҳои гуногун фарзандони фарзонаеро рӯйи кор меорад, ки онҳо бо омадани худ дар масири дигаргунӣ ва тағйироти асосӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чунин шахсият мебошанд. Пешвои миллат солҳои 90-уми қарни гузашта вориди сиёсат гардида, дар замони бисёр ноормӣ ва ноамнӣ ба сари қудрат ва давлати тоҷикон омаданд ва аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон тамоми талошу кӯшиш ва донишу заковати худро ба кор гирифтанд, то мамлакатро ба сулҳу салоҳ оранд ва онро дар масири рушду тараққӣ қарор диҳанд.
Гузашти замон ва вақт дуруст будани тамоми иқдомҳои гирифтаи ӯро дар масири давлату давлатдорӣ собит намуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро ба ҳайси роҳбари Тоҷикистон аз сулҳ оғоз намуданд ва аввалин иқдомҳое, ки дар ин масир бардоштанд, ин баргардонидани овораю гурезаҳо аз тамоми ақсои ҷаҳон ба Ватан ва бо ин роҳ расидан ба оштии сартосарии мамлакат буд.
Мардуми мамлакат бояд ифтихорманд бошанд, ки дар замони худ маҳз намояндагонашон — вакилоне, ки онҳо интихоб карда буданд, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум сарвареро интихоб намуданд, ки ба шарофати он кас дар ҳама самтҳо комёбему мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бениҳоят баланд дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳхоҳ, раиятпарвар ва одил мебошанд ва аввалин иқдомҳояш низ дар масири давлатдорӣ ва ҳукумат аз авфи гуноҳи ҳамдигар буд.
Ҳоло Тоҷикистон сарфи назар аз тамоми ҳодисаҳое, ки дар олам рух дода истодааст, бо қадамҳои устувор зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи муваффақияту комёбиҳо раҳсипор аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 дар ин хусус, таъкид намуданд, ки: «Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад.
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии ҷумҳуриро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад».
Ваҳдат осон ба даст наомад. Чил музокирот байни ҳукумат ва намояндагони мухолифин доир гардид. Дар онҳо аз харобкориҳо, ба шаҳодат расидани ҳазорҳо ҷавон, дарбадарию бехонумонии ҳамватанон гуфтугузор шуда, таҳдиди аз байн рафтани миллат ҳушдор дода мешуд. Аксари гуфтушунид дар хориҷи мамлакат — Афғонистон, Туркманистон, Русия бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Ҳашт дафъа музокирот дар сатҳи олӣ доир гардид. Аз чил ҳуҷҷати қабулшуда дар 17-тоаш имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳ ҳаёти худро зери хатар монда, ба гуфтушунид рафтанд. Тоҷику тоҷикистониён аз музокироти Москва баргаштани ҳайати Ҳукуматро таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунанд. Дидем, ки пеш аз ҳама, модарон чӣ тавр ашки шодӣ дар чашм ба гардани Сарвари давлат гулчанбар андохтанд. Магар модарон, фарзандони онҳо, халқи тоҷик метавонист, ки воқеаи рухдодаи Москва – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бе ашки шодӣ, бе тантана, бе шодию нишот истиқбол гирад?!
Бисту нуҳ сол мешавад, ки аз ҳавои мамлакати азизамон нафаси осуда мекашем. Харобиҳои ҷанг барқарор гардиданд, ҳамватанони парешон ба Ватан баргардонда шуданду зиндагиашон на танҳо маҷрои пешинаро гирифт, балки беҳтар аз он шуд. Ин дастовард ва пешравиҳо дар натиҷаи қабули қарорҳои дуруст ва талошу заҳматҳои пайгирона зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуданд.
Имрӯзҳо бо гузашти замон мо хуб дарк мекунем, ки то кадом андоза мо дар роҳи дуруст қарор дорем, чун мо ояндаро хуб дарк карда дида истодаем. Шахсе, ки поёни кори худро аз оғоз дида метавонад ӯ шахси муваффақ мебошад. Тамоми иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободӣ, пешравӣ ва рушду тараққӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии зиндагии аҳолии мамлакат мебошад. Мо инро ҳамарӯза бо чашми сар мебинем ва рақамҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оварда шудаанд, баёнгари ин суханон мебошанд: «Аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Соли 2025 «Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2026-2030» ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод».
Ҳамасола дар Тоҷикистон теъдоди зиёди муассисаҳои таълимии гуногун бунёд ёфта, ба истифода дода мешаванд. Рӯ овардан ба бунёди низоми қавӣ дар соҳаи илму маориф ва ин соҳахоро дар саргаҳи сиёсати худ қарор додан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлати мо давлати иҷтимоӣ буда, дар баробари боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ба боло бурдани сатҳи маърифати халқ таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунанд. Агар ба таърихи давлатҳои пешрафта назар андозем, мебинем, ки ҳамаи ин давлатҳо бунёди давлати худро аз низоми маориф шуруъ кардаанд. Дар ҳамаи корҳо, аз ҷумла таҳкими истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа ва бузург аст ва онро имрӯз низ донишмандони соҳа тасдиқ мекунанд.
Хулоса, ин аст, ки дар ҷараёни музокирот ва ҳаллу фасли муноқишаи байни тоҷикон нақши Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бориз буда, сол то сол бо таваҷҷуҳ ба ҳаводисе, ки дар ақсои олам рух дода истодааст, мо моҳияти иттиҳоду сарҷамъиро бештар эҳсос мекунем.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОД,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
