Имрӯз, 12-уми сентябри соли 2026, дар факултетҳо ва ҳудуди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардида истодааст.
Дар шанбегӣ омӯзгорону кормандони сохторҳои донишгоҳ ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, дар ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити донишгоҳ ва гирду атрофи он саҳм гузоштанд.
Зимни баргузории ҳашари умумӣ корҳои тозакунӣ, рӯбучин, ҷамъоварии партовҳо, нарм намудани замин, нигоҳубини дарахту ниҳолҳо ва гулзорҳо анҷом дода шуданд. Ҳамчунин атрофи биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти донишгоҳ ба тартиб дароварда шуд.

