
Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши илмӣ- амалӣ бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» баргузор гардид
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронии худ таъкид намуд, ки қабули ин қатъномаи муҳим боз як нишонаи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ иброз дошт, ки ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда дар сатҳи байналмилалӣ пайваста аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон дастгирӣ меёбанд.
Сипас, Ҳукмиддин Сафарбекзода, вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, зикр намуд, ки қатъномаи мазкур идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, барои таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамгироӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома Ализода Аҳмадҷон, мушовири ректори донишгоҳ дар мавзуи «Қабул гардидани қатъномаи СММ дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” – идомаи амалигардии анъанаҳои сулҳофарии миллати тоҷик дар ваҳдату суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ» маърӯза намуда, аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии ин санадро шарҳ дод.
Дар ин замина мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент Мирзоев Ғолибшо бо маърӯзаи «Ташаббусҳои муваффақона дар арсаи байналмилалӣ» суханронӣ намуда, аз нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо, бахусус дар самтҳои сулҳу амният, обу иқлим ва ҳамкориҳои созанда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурдааст.
Ҳамчунин, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипов Сангимурод дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа» маърӯза намуд.
Баъди анҷоми қисми илмии ҳамоиш барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Ҳунармандон ва дастаҳои ҳаваскорони санъати донишгоҳ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, васфи сулҳу ваҳдат ва дӯстии халқҳо ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшиданд. Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби иштирокчиён бо самимияти хос истиқбол гардида, ҳамчун ҷамъбасти арзандаи ҳамоиши илмӣ ба тантанаи ин чорабинии муҳим ҳусни анҷом бахшид.
