Имрӯзҳо пешниҳод навбатии роҳбарии хирадманд ва оқилу донои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки санаи 25 июни соли 2026 аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи навбатӣ пазируфта шуда, ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошт.
Имрӯзҳо мо насли имрӯз таърихро бо чашми сари худ дида истодаем, дар таърихи имрӯзаи миллати тоҷик ҳодисаҳое рух дода истодаанд, ки мо дар тули беш аз ҳазор сол, яъне пас аз суқути давалти Сомониён орзуи онро мекардем. Вақте мо дар бораи фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи хеш ҳарф мезадем, хелеҳо ба мо бовар надоштанд ва моро бо писханд нигоҳ мекарданд. Аммо имрӯз ҷониби Тоҷикистон ва бавежа фарзонафарзанди он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомоти хеш ба ҷаҳониён собит карда истодааст, ки мо миллати қадима ва фарҳангӣ буда, дар тули таърих аҷдодони мо фарҳанги оламшумулеро офарида, ба ҷаҳониён ироа намудаанд ва мо ворисони ин тамаддун собит мекунем, ки мо меросбари ин фарҳангу тамаддун буда, аз худ мисли аслофи хеш корҳои ҳангуфт ва беназирро ба анҷом мерасонем. Ин беҳтарин гувоҳ ва исбот дар масири таърих мебошад. Солҳои ахир кишварҳои абарқудрати дунё боз думартаба ба тақсими ҷаҳон ва ба даст овардани нуфуз дар арсаи байналмилалӣ оғоз намудаанд. Аз ин рӯ, дар гӯшаҳои мухталифи дунё инҷову онҷо даргириҳо оѓоз шуда истода, молу манол ва ҷони ҳазорон одамонро рабуда истодааст. Ин ва масоили дигаре дар иртибот ба нооромию ноамнӣ дар ақсои олам ва хиради азалии миллати куҳанбунёди тоҷик боис шуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин иқдом баромад кунанд. Яъне, Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалРаҳмон дида истодаанд, ки дар ақсои олам ҷангу даргириҳо алангаи тоза касб карда, ҷони ҳазорон тан ҷавонон, тифлону кӯдакон ва калонсолонро рабуда истодаанд, аз ин рӯ, бо иқдоми навбатӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карданд, ки ба хотири наслҳои оянда мо бояд аз имрӯз иқдом кунем, то наслҳои оянда дар сулҳу салоҳ ва оштию ризояти комил умр ба сар бурда, фақат ва фақат дар масири ободию созандагӣ қадам бардоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён маънии сулҳро шарҳ дода, дар паёми шодбошии хеш ба муносибати қабули ин қатъномаи аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар иртибот ба сулҳ чунин баён доштанд:« Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.
Сулҳ фарҳанг аст.
Сулҳ масъулият аст.
Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.
Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад. Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд».
Шарифзода Шарифхон,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи методикиа таълими ибтидоии ДДБ
