Имрӯз дар ҷаласаи кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои рисолаи доктории Исозода Тоҷиддин Исо дар мавзуи «Амнияти зеҳнӣ ва масъалаҳои муҳоҷирати зиёиён дар замони соҳибистиқлолӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)» зери мушовирии – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии шуъбаи масъалаҳои сиёсӣ муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи кафедра докторон, номзадон ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.
Докторант Тоҷиддин Исозода фишурдаи мавзуи рисолаи доктории худро пешкаши ҳозирин гардонид.
Баъди баромади докторант иштирокчиён саволҳои худро вобаста ба мавзуи баррасишаванда пешниҳод намуда, аз ҷониби докторант ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ аъзоёни ҷаласа тавсияҳои худро ба докторант ҷиҳати дар оянда хубтару беҳтар гардонидани қисматҳои илмии рисолаи ҳимояшаванда, пешниҳод намуда, рисолаи докториро ба Шурои диссертатсионӣ барои ҳимоя тавсия намуданд.

